Форуми муштараки сармоягузорӣ ва соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд

Санаҳои 8 – 9 майи соли 2018 ба вилоят ҳайати сармоягузорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бобати иштирок дар Форуми муштараки сармоягузорӣ бо иштироки доираҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории вилояти Суғд ташриф оварданд. Боиси зикр аст, ки сафари меҳмонон тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд сурат гирифта, онҳо ба ҷойҳои таърихӣ, табиати зебо ва манзараҳои дилфиреби вилоят аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Санаи 9 май дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Форуми муштараки сармоягузорӣ ва соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар форум Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуда, роҷеъ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, бахусус соҳаҳои саноату кишоварзӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, имкониятҳои содиротӣ ва минтақаҳои сайёҳӣ маълумот дод. Раиси вилоят таъкид дошт, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд барои рушди соҳикорӣ, вусъати ҳамгироӣ бо шарикони рушд ва созмонҳои молиявӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

- Боварӣ дорам, ки баргузории форуми муштарак ба таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳамгироӣ мусоидат хоҳад намуд ва шартномаҳои нави ҳамкорӣ байни соҳибкони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд ба имзо мерасанд, - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар форум Директори департаменти робитаҳои байналмилалии шартномаҳои Кумитаи давлатии сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ал – Мифқӣ Бадр Муҳаммад, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ низ суханронӣ намуда, доир ба самтҳои муҳими ҳамкорӣ, густариши равобити судманд ибрози андеша намуданд.

Дар форум муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Мумин, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал – Бадӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Зарробиддин Қосимӣ ширкат варзиданд.

Меҳмонони форум аз ярмарка – намоиши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии вилоят дидан намуда, бахусус ба маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаву муфид, меваву сабзавоти кишоварзони вилоят ва обҳои нӯшокии ширини ватанӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуданд.

Ҳамзамон, иштирокдорони форуми муштарак аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», маҷмааи миллии «Оши палов», маҷмааҳои таърихӣ – фарҳангии Истиқлол» ва «Боғи Камоли Хуҷандӣ», осоишгоҳи «Баҳористон» ва як қатор корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ дидан намуданд.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»


Add comment


Security code
Refresh