Маълумоти пешакӣ оид ба натиҷаи фаъолияти молиявӣ ва иҷрои буҷети вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2018

Ҷамъбасти пешакии рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар семоҳаи якуми соли 2018 нишон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфта, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят дар ин давра таъмин гардидааст.

Новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд дар давраи январ-марти соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии минтақавӣ ба 3306,2 миллион сомонӣ баробар гардида, афзоиши реалии он 106,8 фоизро ташкил дод.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 2298,1 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо дарназардошти индекси нархҳо 108,1 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 439 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,8 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми гардиши моли чакана дар семоҳаи якуми соли 2018 ба 2303,6 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 822,5 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 117,7 ва 100,4 фоизро ташкил намуд.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2018-ум 500,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 46,2 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ 136,2 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи воридот дар гардиши савдои хориҷӣ 364,6 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,9 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.

Дар заминаи афзоиши нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва чораҳои андешидашуда нақшаи даромадҳои буҷети умумии вилоят (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба андозаи 107,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 475,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 34,3 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 79,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Барзиёдии иҷрои нақшаи пешбинишудаи контингенти андозҳо асосан аз ҳисоби нисбат ба нақша ба буҷети давлатӣ барзиёд ворид гардидани андоз аз фоида (114,4 миллион сомонӣ), андоз аз даромад (98,4 миллион сомонӣ), низомҳои махсуси андозбандӣ (50,3 миллион сомонӣ), андоз аз молу мулки ғайриманқул (24,6 миллион сомонӣ), андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард (26,7 миллион сомонӣ), андоз аз воситаҳои нақлиёт (17,4 миллион сомонӣ) ва ғайраҳо таъмин гардид.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 8,7 фоиз маблағи (-5,5 миллион сомонӣ) ва андоз барои захираҳои табиӣ ба андозаи 3 фоиз (2 миллион сомонӣ) таъмин нагардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷети умумии вилоят 7,5 миллион сомонӣ ворид нагардид.

Роҷеъ ба маълумоти пешакии Раёсати андоз дар вилояти Суғд иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ дар ин давра ба андозаи 101,4 фоиз ва ба маблағи 163,7 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба андозаи 89 фоиз ё ба маблағи 50,3 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба андозаи 108,1 фоиз ё ба маблағи 113,3 миллион сомонӣ таъмин гардидааст.

Дар марҳалаи ҳисоботӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартибе, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018” пешбинӣ шудааст, роҳандозӣ гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ҳиссаҷудокуниҳо аз андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди вилоят қарордошта ворид гардиданд, ба маблағи 88,9 миллион сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 3,3 миллион сомонӣ ё 3,8 фоиз ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 35,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 108 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 355,7 миллион сомонии нақшавӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ 384,4 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 28,6 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли сипарӣ 41,8 миллион сомонӣ ё 12,2 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ шаҳри Панҷакент уҳдадории худро дар иҷрои даромадҳо ба андозаи 14,4 фоиз (-3,8 миллион сомонӣ) таъмин накард ва дар натиҷа ба даромади буҷети маҳаллӣ 3,8 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузории хароҷоти буҷети вилоят дар доираи воридоти амалии буҷетҳои маҳаллӣ таъмин гардида, ба иқтисодиёти вилоят 325,8 миллион сомонӣ равона шуд, ки нисбат ба нақша 4,2 миллион сомонӣ кам мебошад.

 Аз ҷумла, қисми хароҷоти буҷети вилоятӣ дар ин давра ба андозаи 99,2 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 55,3 миллион сомонии нақшавӣ, амалан аз буҷети вилоятӣ 54,9 миллион сомонӣ масраф гардидааст, ки нисбат ба нақша 0,4 миллион сомонӣ кам мебошад. Дар маблағгузории буҷетҳои маҳаллӣ чун ҳарвақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаи маориф 167,7 миллион сомонӣ, нигоҳдории тандурустӣ 79,8 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2,8 миллион сомонӣ ва фарҳангу варзиш 25,5 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ ба соҳаҳои мазкур беш аз 275,8 миллион сомонӣ равона гардид, ки баробари 84,7 фоизи ҷамъи хароҷоти гузаронидаи буҷетҳои маҳаллӣ мебошад.

Дар таркиби хароҷоти амалии буҷетҳои маҳаллии вилоят дар ин давра ҳиссаи хароҷоти ҳимояшавандаи буҷет – музди меҳнат ва маош 60,3 фоиз, маблағҷудокунии кордиҳандагон 14,8 фоиз, кӯмакпулӣ, идрорпулӣ, ҷубронпулӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва алоқа 0,7 фоиз ва ҷамъи хароҷоти номбурда 76,7 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоятро ташкил менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети вилоятӣ ба шаҳру ноҳияҳое, ки даромадашон хароҷоташонро намепӯшонад, субвенсия ба маблағи умумии 27 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Истиқлол 0,9 миллион сомонӣ, Ашт 8,6 миллион сомонӣ, Деваштич 11 миллион сомонӣ, Шаҳристон 3,3 миллион сомонӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ 3,2 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки 100,0 фоизи нақша мебошад.

Хадамоти матбуоти
Сарраёсати молия дар вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh