Бо ҷалби мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ дар вилояти Суғд гармхонаҳои замонавӣ бунёд мешавад

Рӯзи 10 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ширкати "Мён Сунг"- и Кореяи Ҷанубӣ Чон Ёнг Сунро ба ҳузур пазируфт.

Ширкати мазкур яке аз ширкатҳои маъруфи Кореяи Ҷанубӣ ба ҳисоб рафта, бо соҳибкорони кишварҳои гуногун дар самти бунёди гармхонаҳои замонавӣ бо истифода аз технологияҳои ҷадид ҳамкорӣ менамояд. Ширкати "Мён Сунг" аз ҷумла дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо усули гидропоникӣ гармхонаҳои муосирро бунёд кардааст, ки дар онҳо помидор, бодиринг ва булғорӣ истеҳсол карда мешавад.

Зимни суҳбат Раиси вилоят иброз дошт, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дўстонаи мамлакатҳо густариш пайдо кард. Миёни минтақаҳои ҳар ду кишвар мубодилаи молу маҳсулот афзоиш ёфта, доираҳои тиҷоратӣ робитаҳои иқтисодӣ барқарор намуданд. Аз ҷумла, чанде қабл тоҷирону соҳибкорони вилояти Суғд ба вилояти Самарқанд сафар намуда, созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расониданд. Дар доираи ин сафар соҳибкорони вилоят аз гармхонаҳои муштарак, ки бо ҷалби мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ сохта шудааст, боздид карда, ба фаъолияти онҳо мароқ зоҳир намуданд.

Роҳбарияти ширкати куриёӣ доир ба таҷрибаи хеш дар самти бунёди гармхонаҳо дар Ӯзбекистон маълумот дода, илова кард, ки бо истифода аз технологияҳои муосир бунёд намудани гармхонаҳо имкон медиҳад, ки аз як гектар то 200 тонна ҳосил рӯёнида шавад. Чон Ёнг Сунг омодагии хешро ҷиҳати ташкили гармхонаҳои замонавӣ ва бозомӯзии кишоварзони тоҷик баён дошт. Тасмим гирифта шуд, ки дар марҳилаи аввал то 10 гармхонаи замонавии муштарак сохта шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh