Боздиди Раиси вилоят аз бозори "Панҷшанбе"-и маркази вилоят

Рӯзи якшанбеи 13 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташон дар Кохи Борбади пойтахт бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ироа доштанд, аз бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард.

Роҳбари вилоят ба масъалаи корҳои ободонии атрофи мавзеъи бозори «Панҷшанбе», бахусус назди Арт - галерияи «Сомониён», масҷиди Шайх Муслиҳиддин таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри ободу ороста намудани он ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раҷаббой Аҳмадзода то ҳол аз таъмир нашудани даромадгоҳи бозори «Панҷшанбе» изҳори нигаронӣ намуда, барои анҷоми корҳои навсозӣ масъулинро вазифадор намуд. Таъкид шуд, ки бозори «Панҷшанбе» симои шаҳр аст, аз он меҳмонону сайёҳон боздид намуда, ба маданияти шаҳрдории миллати мо баҳо медиҳанд ва таъмиру таҷдиди он вазифаи ҷонии роҳбарияти имрӯзаи бозор аст.

Дар даромадгоҳи бозори мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фурӯшандагон ва харидорон сӯҳбат намуд. Роҳбари вилоят бо ёдоварӣ аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид кард, ки дар моҳи шарифи Рамазон ҳар як шахс бояд бештар амалҳои хайру савобро ба иҷро расонида, барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа кӯшиш намояд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо истифода аз тамоми василаҳо дар ин моҳи шариф барои мардум нархҳоро дастрас ва фаровониро дар бозорҳо таъмин намуда, баҳри ҷилавгирӣ аз афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввал чораҳо хоҳад андешид.

Сипас, Раиси вилоят ба нархи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар бозори «Панҷшанбе» шинос гардид. Раиси вилоят зимни боздид аз вазъи нигоҳдории бозор изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин дастур дод, ки бо таъсиси комиссияи вижа дар муҳлатҳои кутоҳтарин симои зоҳирии бозор ба куллӣ дигаргун карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh