Боздиди кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз вилояти Суғд

Рӯзҳои 17 - 18 майи соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят идома дорад, ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” эълон гардидааст. Дар доираи ин иқдом дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои бунёдкориву созандагӣ ҷараён дошта, сохтмони як қатор иншооти фарҳангӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ идома дорад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ аз шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Конибодом ва Хуҷанд боздид намуда, бо рафти корҳои бунёдкорӣ шинос гардиданд. Зимни шиносоиҳо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои бо сифати баланд ба истифода додани иншооти муҳими иҷтимоӣ ва таъмини рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳбарияти вилоят ва сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh