Боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” ва Корхонаи металлургии “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни як боздиди корӣ бо фаъолияти корхонаи “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” ва Корхонаи металлургии “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой” шинос гардид.

Зимни боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ “Хуаксин Ғаюр – Суғдсемент” иттилоъ дода шуд, ки ин корхонаи азими саноатӣ моҳи марти соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд. Иқтидори лоиҳавии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна ва дар як сол беш аз 1 миллион тонна семент буда, “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” тавонист дар як муддати кутоҳ ҷиҳати таъмини бозор бо семент ва коҳиши нархи он мусоидат намояд.

Илова бар ин, маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ба кишварҳои хориҷа низ содирот гардида истодааст. Зикр гардид, ки дар 4 моҳи соли равон корхона ба маблағи наздик 96 миллион сомонӣ семент истеҳсол кардааст ва ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2017 наздик 45 миллион сомонӣ бештар мебошад. Агар корхона дар соли 2016 зиёда аз 429 ҳазор тонна семент истеҳсол намуда бошад, пас ин рақам дар соли 2017 ба 722 ҳазор тонна баробар гардид.

Раиси вилоят дар суҳбат бо роҳбарияти корхонаи мазкур иброз дошт, ки саҳми ҶДММ“Хуаксин Ғаюр – Суғдсемент” дар ғанӣ гардонидани буҷети мамлакат назаррас аст. Таъкид гардид, роҳбарияти корхона бояд бо истифода аз даромадҳои бадастомада ҷиҳати бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу кӯдакистонҳо ва бунгоҳҳои тиббиву таъмири роҳҳо саҳмгузор бошад.

Сипас, Раиси вилоят аз Корхонаи металлургии "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой", ки дар шаҳри Истиқлол воқеъ аст, боздид намуд. Корхонаи металлургии "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой" соли 2017 мавриди истифода қарор гирифта буд ва иқтидори лоиҳавии он дар як сол 50 ҳазор тонна металли сурб мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои боздид ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти мунтазам, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва бештар намудани шумораи ҷойҳои корӣ, инчунин иҷрои уҳдадориҳои корхона дар самти бунёди иншооти иҷтимоӣ ба роҳбарияти корхонаи мазкур дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh