Заминаҳои фаъолияти соҳибкорони бародаркишвар

Ифтитоҳи гузаргоҳи байнисарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба санаи ҳумоюнии якуми март мувофиқ омад. Дар ин рӯзи мубораку таърихӣ халқи ба ҳам дӯсту бародари тоҷику ӯзбек дар баробари пешвози арӯси сол-баҳори нозанин ҳамчунин ба дидори ҳам расида, барои боз ҳам қавитар гардидани муносибатҳои ҳамкорӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ камари ҳиммат бастанд. Ба имзо расидани беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ аз ҷониби Сарони ин давлатҳо бошад, муносибатҳои чандинасра ва неку дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба ҳам пайваста, имкон дод, ки дар оянда мувофиқи имкониятҳо муносибати ҳар ду кишвар ба манфиати халқ ривоҷу равнақ ёбад.

Дар ин замина бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфта, дар он номгӯи маҳсулоти беш аз 100 корхонаи ӯзбекистонӣ ба намоиш гузошта шуда буданд. Шурӯъ аз он рӯз тоҷирони ӯзбекистонӣ тасмим гирифтанд, ки ба кишвари мо молҳои электротехникию маишӣ, саноати хӯрокворӣ ва сабук, чарм, мебел, техникиву масолеҳи сохтмонӣ, полиграфиву фармасевтӣ ва нуриҳои минералиро ворид намуда, барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ҳисса гузоранд.

Маъмурияти бозори «Саховат», ки дар шоҳроҳи Хуҷанд-Fафуров ҷойгир аст, тасмим гирифтанд, ки Маркази савдои Ӯзбекистонро таъсис диҳанд, то тоҷирони ӯзбекистонӣ тавонанд, молу маҳсулоташонро бемамониат ба фурӯш гузоранд. Аллакай мардуми вилояти Суғд ҳамарӯза аз бозорҳои шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ молу маҳсулоти ниёзи аввал харидорӣ намуда, барои эҳтиёҷоти рӯзгорашон ба кор мебаранд. Зиёда аз ин таъсиси маркази савдо имкон медиҳад, ки сатҳи некӯаҳволии мардум беҳ гашта, дар ин замина чандин ҷойи кор ба вуҷуд ояд.

Соҳибкорони ӯзбекистонӣ Отабек Юлдошев ва Азимҷон Раҳимов бо коркарди ҷӯробҳои занонаву мардона ва кӯдакона машғул буда, солҳост, ки маҳсулоташонро ба Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон бурда, ба фурӯш мегузоштанд. Бо кушодашавии гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ соҳибкорон тасмим гирифтанд, маҳсулоташонро, ки аз ашёи хоми ватанӣ истеҳсол шудаасту ба саломатӣ фоида дорад, дар бозорҳои вилояти Суғд низ ба фурӯш гузошта бошанд. Аллакай маҳсулоти истеҳсолкардаи Отабеку Азимҷон харидорони худро пайдо карда, соҳибкорон фармоиш низ гирифтаанд.

Нодирбек Кимсанов дар вилояти Қӯқанди водии Фарғона дар ҳамкорӣ бо мутахассисони давлати Туркия ба истеҳсоли пойафзол машғул аст. Агарчанде мутахассисон аз кишвари дигар даъват шуда бошанд ҳам, қувваи корӣ маҳз аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, қисми зиёди аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ таъминанд.

Сардори Маркази савдои Ӯзбекистон Фарҳод Каримов аз пазироии мардуми меҳмоннавози Суғдзамин шоду мамнун аст.

- Бист сол ин тараф орзу доштем, ки бо кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи тоҷикон дар робита бошем. Вақт табобатгар аст, мегӯянд. Хушбахтона, баъди гузашти солҳо риштаҳои дӯстии ин ду халқи ба ҳам ёру бародар пайванд гардида, шартномаҳои ҳамкории дуҷониба ҳамагонро хушнуд сохт. Нахустин амале, ки мо дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷикистонӣ ба иҷро расонидем, ин таъсиси Маркази савдои Ӯзбекистон буд. Аллакай ду моҳ инҷониб мо риштаҳои ҳамкориро қавитар бастаем. Бар ивази молу маҳсулоти воридшаванда асосан 10 намуди маҳсулоти сохтмониро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебарем. Дар ин бобат бо ширкати «Хуаксин-Fаюр компания», ки бо истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ машғул аст, шартнома бастем. Дар оянда нақша дорем, ки доираи фаъолияти марказро васеътар намуда, аз даромади он ба хонаи кӯдакону маъюбон ва пиронсолон хайрия намоем,- иброз дошт Фарҳод Каримов.

Дур нест он рӯз, ки ин орзуи соҳибкорони бародаркишвар амалӣ гашта, дар ин замина барои таъсиси ҷойи кори доимӣ, бо шуғл фарогирии нафарони бекор мусоидатгар бошанд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh