Боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии Исфара

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба шаҳри Исфара, ки 29 майи соли равон сурат гирифт, бо фаъолияти се корхонаи саноатии шаҳр - ҶДММ «Заводи сементбарории ба номи Баҳодурхӯҷа Самадов», ҶСК «Нилуфар» ва ҶСШК «Тамохуш – Заводи гидрометаллургии Исфара» шинос гардид.

Тавре зимни боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ «Заводи сементбарории ба номи Баҳодурхӯҷа Самадов» ва суҳбати мавсуф бо роҳбарияту кормандони он аён гардид, корхонаи мазкур соли 2007 таъсис ёфта, 11 сол инҷониб ба истеҳсоли семент машғул аст.

ҶДММ «Заводи сементбарории ба номи Баҳодурхӯҷа Самадов»  бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ давоми соли 2017 ба миқдори 20 ҳазор тонна ва давоми 4 моҳи сипаригардидаи соли равон 6,6 ҳазор тонна сементи босифату ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй истеҳсол ва қисмати зиёди онро ба хориҷи мамлакат содирот намудааст. Саҳми корхона дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳр 3,4% ва ҳисоби миёнаи музди меҳнати 277 нафар кормандони он 887 сомониро ташкил медиҳад.

Раҷаббой Аҳмадзода бо зикри супоришу дастуроти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба воридсозии таҷҳизоту технологияи муосир, коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ ва пайваста афзуннамоии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватании ба содирот нигаронидашуда дар назди роҳбарияти корхона ҷиҳати истифодаи самаровари иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ вазифагузорӣ кард.

Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нилуфар» (собиқ заводи рангҳои минералии Исфара) таваҷҷуҳи Раиси вилоят ба вазъи воқеии фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти кулолӣ ва ранги сохтмонӣ нигаронида шуд.

Мавриди зикр аст, ки ҳунари кулолгарӣ дар Исфара садсолаҳо таърих дошта, аз насл ба насл мегузарад. Маҳсули кулолгарони Исфара дар бисёре аз намоишҳои байналхалқӣ баҳои сазовор гирифтаанд. Роҳандозии истеҳсоли саноатии зиёда аз 20 намуди маҳсулоти кулолӣ дар корхонаи “Нилуфар” ба ривоҷи ин ҳунари зебои аҷдодӣ мусоидат намудааст. Аммо, бо сабаби мушкилоти молиявию иқтисодӣ фаъолияти корхона тайи 7-8 соли ахир халалдор гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфтааст.

Раиси вилоят тақвият бахшидани фаъолияти корхонаи мазкурро дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” амри муҳиму зарурӣ арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати дарёфти роҳҳои беҳбуд бахшидани вазъи молиявӣ ва фаъолияти корхона дар самти истеҳсоли маҳсулоти кулолӣ, ҳалли масъалаи дастрасию истифодаи сӯзишвории гази табиӣ барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, роҳандозии ҳамкорию табодули таҷрибаи мутахассисони корхона бо ҳунармандони корхонаҳои ҳамсони вилоятҳои Самарқанду Фарғона ва Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ташкили мағозаи фурӯши армуғонҳои сафолӣ дар маркази вилоят дастурҳои мушаххас дод.

Раҷаббой Аҳмадзода дар ҶСШК «Тамохуш – Заводи гидрометаллургии Исфара» бо намудҳои нави маҳсулот, ки истеҳсоли онҳо истифодаи аз ашёи хоми маҳаллӣ ба тозагӣ роҳандозӣ гардидааст, шинос шуда, истифодаи оқилонаи иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, тақвият бахшидани робитаҳои иқтисодию истеҳсолӣ бо корхонаю ширкатҳои хориҷӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самтҳои нави истеҳсолиро омилҳои муҳими рушди соҳа шуморид.

Бояд тазаккур дод, ки саҳми ин корхонаи азиму дар гузашта маъруфи Исфара дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳр айни замон ҳамагӣ 1,8% ва ҳисоби миёнаи музди меҳнати 122 нафар кормандони он 567 сомониро ташкил медиҳад.

Суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар давоми 4 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 181% таъмин ва дар ҳаҷми 1,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh