Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Найнхарт Хёфер – Виссинг

6 июни соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер - Виссинг, ки бо сафари корӣ дар вилоят қарор дорад, мулоқот намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо Найнхарт Хёфер - Виссинг аз густариши муносибатҳои Тоҷикистону Олмон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ҷониби вилояти Суғд барои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноату иқтисод ҳавасманд мебошад.

Қайд карда шуд, ки соҳибкорону тоҷирони Олмон метавонанд дар Ярмаркаи минтақавии савдо “Суғд-2018” иштирок намуда, барои рушди муносибатҳо ва мубодилаи молу маҳсулот саҳмгузорӣ намоянд.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таъкид кард, ки ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва ҷонибҳо метавонанд дар ин замина низ ҳамкориҳои самаранок дошта бошанд. Иттилоъ дода шуд, ки теъдоди гардишгарони олмонӣ дар мамлакат сол аз сол зиёд гардида истодааст ва ин худ гувоҳи он аст, ки табибати дилфиребу манзараҳои нотакрори Тоҷикистон миёни сайёҳони ин кишвар аз маҳбубияти хосе бархурдор аст.

Найнхарт Хёфер – Виссинг бо изҳори ташаккур аз истиқболи самимӣ иттилоъ дод, ки бо ташаббуси Сафорат ва дастгирии ҷониби Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд маркази қабули ҳуҷҷатҳо барои дарёфти раводиди давлати Олмон ва дигар кишварҳои узви минтақаи Шенген ифтитоҳ гардид. Барои сокинони вилоят имконият фароҳам оварда шуд, бидуни харҷи иловагӣ ва масрафнамоии вақти зиёд раводидро дарёфт намоянд.

Дар поёни мулоқот изҳори умед карда шуд, минбаъд равуои миёни ҷонибҳо бештар гардида, ҳамкориҳои тарафайн тақвияти бештар пайдо менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh