Ифтитоҳи «Самарқанд» дар Бӯстон

6 июни соли 2018 калонтарин Маркази савдо дар шаҳри Бӯстон ба фаъолият оғоз намуд. Дар ифтитоҳи он раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Раъно Маҳмудзода ва сокинони касбу кори гуногун, аҳолии маҳал ва ҷавонон ширкат намуданд.

Нахуст роҳбари шаҳр оид ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, ифтитоҳи калонтарин маркази савдоро дар шаҳр пас аз таҷдид ва азнавсозӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ дар остонаи таҷлили 21-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ фоли нек арзёбӣ намуд.    

Сипас, Раъно Маҳмудзода оид ба таъмини шароити арзанда ба сокинони кишвар аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузории аъзоёни он дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар назаррас арзёбӣ намуда, иқдоми навбатии соҳибкорони шаҳрро дар заминаи баргузории мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар муфид арзёбӣ намуд.

Боиси зикр аст, ки маркази савдои мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Ёдгор Мамадов ва Абдулаҳай Шарифов таҷдид ва азнавсозӣ гардида, дар он 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва музди мусоид таъмин гардиданд. Дар заминаи барқарории равобити дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва рамзи таҳкими дӯстиву рафоқат бо кишвари ҳамсоя “Самарқанд” номгузорӣ карда шуд.

Мамнури МЭЛС,
шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh