Дар ноҳияи Деваштич сохтмони бинои Нозироти андоз идома дорад

Муассисаи таҳсилоти умумии №17-и Ҷамоати деҳоти Яхтан дорои 22 синфхона буда, барои таҳсили 620 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Мактаби мазкур  соли 1982 сохта шуда, аз соли 2003 инҷониб таъмир нагардидааст.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ва дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмири куллии муассисаи мазкурро ба нақша гирифтааст. Аз ин лиҳоз, Раиси вилоят дар аснои сафари корӣ ҳолати кунунии ин мактабро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба таъмир фаро гирифтани бинои муассиса ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки бояд барои таълиму тарбияи толибилмон тамоми шароити замони муосир фароҳам оварда шуда, утоқҳои фаннӣ бо аёниятҳои дарсӣ муҷаҳҳаз ва тамоми бино ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст карда шавад. Зеро ояндаи ҳар халқу миллат аз рушди соҳаи маориф вобастагии қавӣ дошта, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар тамоми минтақаҳои мамлакат таҳти таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.

Раиси вилоят инчунин ҷиҳати ободонии атрофи бино ва ба кор андохтани гармхонаи назди муассиса масъулинро муваззаф намуд.

Сипас, Раиси вилоят ба маркази ноҳияи Деваштич ташриф оварда,  бо ҷараёни сохтмони бинои Нозироти андози ноҳия ошно шуд. Иншооти мазкур бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, барои барои сохтмони бино харҷи 2,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Бино аз ду ошёна  ва таҳхона иборат буда, дорои 10 утоқӣ корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Айни замон дар нозироти андози ноҳияи 15 нафар мутахассисон кору фаъолият мебаранд ва бунёди бинои нав боиси боз ҳам беҳтар гаштани шароити корӣ мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh