Cодироти маҳсулоти кишоварзӣ меафзояд!

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилоят ба хориҷи кишвар сол то сол афзоиш меёбад. Ин омил боис мегардад, ки кишоварзону боғпарварони вилоят барои ба даст овардани ҳосили боз ҳам фаровон кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Мудири бахши Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилоят Маҳмудҷон Исоев изҳор менамояд, ки то 2-юми июли соли равон маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз дар маҷмӯъ 46 ҳазору 234 тонна, ба Ҷумҳурии Қазоқистон 39,850 тонна, ба Туркманистон 854 тонна, ба Қирғизистон 38 тонна содирот шудааст. Себ дар ҳаҷми 19,1 тонна ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, гелос 1 тоннаю 200 килограмм ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, 245,340 килограмм ба Қазоқистон, 20 тоннаю 400 килограмм ба Қирғизистон ирсол гардидааст. Зардолу дар ҳаҷми 63 тонна ба Қирғизистон, 380 тонна ба Қазоқистон ва наздик 1867 тонна ба Федератсияи Россия ирсол шудааст. Инчунин, 12 473,540 килограмм меваи хушк ба мамлакатҳои хориҷи кишвар содирот гардидааст.

Бино ба иттилои расмӣ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 46 ҳазор гектар боғи зардолу парвариш ёфта, ҳосили он дар намуди тар, бо банду басти мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Украина, Белорус, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Мардумии Чин, давлатҳои арабии Шарқи Наздик ва мамлакатҳои Аврупо содирот мешавад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh