Корхонаҳои саноатӣ рақобатпазир бошанд!

Дар толори маҷлиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳо ва ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва инчунин корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар қаламрави вилоят дар шаш моҳи соли равон бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бахш ва идораҳои дахлдор, раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ иштирок доштанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода машварати кориро ҳусни оғоз бахшида изҳор намуд, ки дар рӯзномаи ҷаласа танҳо як масъала: баррасии сабабҳои фаъолият накардани корхонаҳои саноатии вилоят дар шаш моҳи соли равон ва роҳҳои ҳалли он мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Раиси вилоят дар идомаи суханронии худ таъкид кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон тибқи маълумоти оморӣ 133 корхонаву коргоҳи саноатӣ фаъолият накардаанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз шумораи умумӣ 58 корхона фаъолияти мавсимӣ дошта, 15 адад фаъолиятро қатъ намуда,17 адад унвонашро иваз карда, бо дигар ном кор кардаанд. 16 корхона бо сабаби набудани воситаҳои гардиш ва 16 адад бо набудани фармоиш - бинобар рақобатнопазиру ба фурӯш нарафтани маҳсулоти бозорӣ, 7 адад бинобар ҷой доштани баҳсҳои амволӣ, 6 адад аз сабаби надоштани иҷозатномаи литсензионӣ ва 5 адад биноан фарсудашавии дастгоҳу таҷҳизот, ду корхона бо сабаби роҳбаронашон дар хориҷ будан ва як коргоҳ баъди даргузашти соҳибмулк аз фаъолият бозмондаанд. Ҳамагӣ як корхонаи «Садаф чан юн» дар моҳи июл фаъолият кардааст. Шумораи бештари корхонаҳои аз фаъолиятмонда дар шаҳрҳои Хуҷанд 25, Конибодом 20 ва ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров 24 адад буда, дар ноҳияҳои Мастчоҳ 17 ва  Зафаробод 12 корхона асосан аз ҳосили пахтаи нав вобастагӣ дорад. Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Панҷакент, Истаравшан аз 1 то 5 ададӣ корхонаҳо фаъолият накарданд, - иброз дошт Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода.

Давлаталӣ Саид - муовини якуми Сарвазири ҷумҳурӣ таъкид кард, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти семоҳаи аввали соли равон дар радифи дастоварди саноатчиёни вилоят вобаста ба нишондоди ҷумҳурӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатии вилояти Суғд эродҳо гирифта шуд. Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва масъулин вазифадор гардида буданд, ки дар давоми се моҳи минбаъда аз ҷониби онҳо бобати вазъи ба амал омада ҳисоботашон шунида мешавад. Мақсади ҷамъомади имрӯза вобаста аст ба  дарёфти ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва муаммоҳое, ки кунун дар корхонаҳо мавҷуданд.

Сипас Шавкат Бобозода - вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти корхонаҳои саноатии вилоят дар шаш моҳи соли равон сухан кард. Аз ҷумла гуфт, ки ин тибқи маълумоти оморӣ дар ин давра корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 4976 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо            назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 110,9 фоизро ташкил намуд. Аз 134 намуди муҳимтарин маҳсулоти саноатӣ истеҳсоли 91 номгӯй (67,9 фоиз) афзуда, 41 номгӯй (30,6 фоиз) кам шуда, 2 номгӯй (1,5 фоиз) истеҳсол нагардидааст. Ҳамзамон, аз 602 корхонаи саноатии вилоят  танҳо 346 корхона (57,5 фоиз) нисбат ба ҳамин даври соли гузашта дараҷаи истеҳсолро баланд бардошта тавонистанду халос.

Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин даври соли сипарӣ афзоиши истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли маҳсулоти металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ, коркарди чӯбу тахта ва маснуот аз чӯб ва ғайраҳо мусоидат намудаанд.

Шумораи корхонаҳои бозистода дар ин давр 133 адад ё 22,1 фоизро ташкил дода, 123 (20,4 фоиз) сатҳи истеҳсолро нисбат ба ҳамин марҳалаи соли гузашта кам кардаанд. Аз 133 корхонаи бозистода 59 корхона аз сабаби мавсимӣ будани маҳсулоти истеҳсолиашон фаъолият накарданд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки бо дастуру супориши Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд корхонаҳои ҳатмии дӯзандагӣ ташкил карда шавад.

Сипас, Давлаталӣ Саид аз роҳбарони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Панҷакент Конибодом, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва роҳбарони коргоҳҳои алоҳида  сабабҳои аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатии ҳам давлативу ҳам хусусӣ пурсиш ба амал овард. Ҳамзамон, ӯ ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарони шаҳру навоҳӣ супориш дод, ки вазъи ин корхонаҳо ҳамаҷиҳата омӯхта, барои бартараф намудани камбудиву муаммоҳои ҷойдошта чораҳо андешида шаванд. Корхонаҳои мазкур бояд бо ворид кардани технологияҳои муосиру истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба бозор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ фаъолияти мунтазамро ба роҳ монанд. Инчунин, якчанд роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони вилоят бобати масъалаву муаммоҳое, ки барои фаъолияти имрӯзаашон халал эҷод менамояд, андешаҳои хешро дар ҷаласа иброз намуданд. 

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид машваратро ҷамъбаст намуда афзуд, ки имрӯз барои рушди соҳаи саноат ва соҳибкорӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми шароит фароҳам овардаву дастгирӣ карда мешавад. Бинобар ин аз роҳбарони корхонаҳо низ даъват ба амал овард, ки баҳри рушди соҳа аз имкониятҳо самаранок истифода бурда, баҳри манфиати давлату халқ ва баланд бардоштани иқтисодиёти кишвару сатҳи зиндагии шоистаи мардум лоиҳаи мушаххас пешниҳод намоянд.

Дар интиҳои  машварат Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз номи кулли саноатчиёну соҳибкорони вилоят иброз дошт, ки ҳама дастуру супоришҳое, ки Пешвои муаззами миллат дар назди мо гузоштаанд, онҳоро бо сари баланду масъулиятшиносӣ иҷро намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Абдуғафур Аминзода,
«Ҳакиқати Суғд»

 

 
 
 
 

Add comment


Security code
Refresh