Иқдоми мондагору созанда

Бо ташаббуси Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ва Раёсати кор бо занон ва оила дар толори Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ оид ба рушди соҳибкории занон дар вилоят доир гардид. Дар чорабинӣ занҳои соҳибкор ва ғолибони нимфиналии озмуни «Фараҳ-2018», намояндагони Раёсати андоз, Раёсати минтақавии гумрук, маркази назорати давлатии санитарӣ - эпидемиологӣ, Раёсати маркетинги ТҚХ «Имон интернейшнл» ва Бонки рушди Аврупо иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро директори иҷроияи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон М. Мирзобаҳодурова оғоз намуда, аз бурду бохти соҳибкорон дар соли равон гузориш дод. Номбурда иброз дошт, ки муаммои занҳои соҳибкор, асосан аз норасоии маблағ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва паст будани донишу малака ва маълумот оид ба соҳаи иқтисодиёт иборат аст. Айни ҳол дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни навбатии беҳтарин бонуи соҳибкори сол ҷоизаи «Фараҳ-2018» гузаронида шуда, марҳалаи сеюми он идома дорад. Дар он аз 407 нафар зани номнависшуда 34 нафар нимфиналист муайян гаштаанд.

Намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Роҳат Умарзода дар бобати роҳҳои ҷалби занону духтарон ба соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ маълумот дода, иброз дошт, ки соли равон тибқи қарори Раиси вилоят 60 нафар бону метавонанд соҳиби грант гарданд. Ин иқдом дар доираи амалӣ гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад.

Корманди Раёсати андози вилоят Х.Исломиддинов аз тағйиру иловаҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Ҳамзамон, муовини сардори шуъбаи ташкилии назорати Раёсати минтақавии гумрук дар вилоят Ҷамшед Орифов дар бобати Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба воридоту содироти молу маҳсулот ҳарф зад.

Муовини сардухтури Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемологии вилоят Маҷнун Орифов масъалаҳои шароити бехатарии гигиению санитариро дар соҳаҳои хӯрокворӣ ва хизматрасонӣ шарҳ дод. Инчунин, Дилафрӯз Мамадҷонова - мутахассиси Раёсати маркетинги ТҚХ «Имон интернейшнл» оид ба лоиҳаи иҷтимоии он барои дастгирии занони соҳибкор гузориш пешниҳод намуд.

Дар рафти вохӯрӣ байни иштирокчиён ва мутахассисон суолу ҷавоб доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкории занон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh