РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: ИСФАРА МАРЗИ РУШДИ САНОАТ ВА КИШОВАРЗИСТ!

Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Исфара

7 августи соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади ошноӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, иштирок дар маросими оғози бунёди як қатор иншооти иҷтимоӣ, қабули шаҳрвандон ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти сокинон, инчунин дидору мулоқот бо фаъолон ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод. Дар даромадгоҳи рамзии шаҳри Исфара - маҷмааи «Ваҳдат» собиқадоронро аёдат намуда, аз саломативу вазъи ҳар яки онҳо самимона ҷӯё шуд.

Ҳамчунин, баён дошт, ки туфайли заҳмати собиқадорон Ватани азиз аз лаҳзаҳои мушкил ба давраи гулгулшукуфӣ дастёб шуд. Сидқан ба ҳар яки онҳо дар рӯзгорашон саломативу бурдборӣ таманно намуд.

Моҳпарӣ: Шаҳр андар шаҳр

Боздиди нахустин аз мавзеи Моҳпарӣ оғоз шуда, дар он бо Нақшаи генералии маҳалли аҳолинишин ошно гардид. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии Моҳпарӣ 410 гектар буда, ба 2477 оила қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, инчунин он аз хонаҳои бисёрҳуҷрагӣ, иншооти ҷамъиятӣ аз қабили бунгоҳи тиббиву марказҳои савдо ва маъмурӣ, мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ, обанбор бо ҳудуди муҳофизатӣ ва дигар инфрасохторҳои ҳаётан муҳим иборат аст.

Ҳамчунин, зимни муаррифии Нақшаи хатти оби полезии мавзеи Моҳпарӣ ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки бо лӯлаи баландфишор аз пойгоҳи обкашии «Матпарӣ-1», ки дарозии тақрибан 1 километрро дар бар мегирад, обёрӣ шуда, дар назар аст, ки тавассути ин канал, ки тӯлонияти он 7,48 километр аст, обёрӣ мешавад. Гузашта аз ин, масъулин ба нақша гирифтаанд, ки аз пойгоҳи обкашии «Матпарӣ-2», ки 1,8 километр дуртар ҷойгир аст, обрасонии иловагиро бо лӯлаҳои баландфишор ба роҳ мемонанд. Бо ин тадбир умед аст, ки заминҳои ташналаб шодоб гардида, як шаҳраки дигаре дар Исфара бунёд мегардад.

Барои боз ҳам рифоҳи бештари зисти мардуми ин мавзеи тозабунёд Нақшаи хатти оби нӯшокӣ қабул карда шудааст, ки тибқи он бо шоҳқубур аз обанбори «Чоркӯҳ» то обанбори «Навобод» бо тӯлонияти 26 километр ва аз он ба обанбори «Сомониён» ва ниҳоят аз он ба ҳавзи лоиҳавии Моҳпарӣ оби нӯшокии тоза оварда мешавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳри Исфара ва масъулин дастур дод, ки ҳарчӣ зудтар бо имкониятҳои мавҷуда ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагии мавзеи Моҳпарӣ суръати нав ба худ бояд касб намояд. Ҳамзамон, ба роҳбарияти шаҳр ва ниҳодҳои марбутаи вилоятӣ дастур дода шуд, ки барои вусъати корҳои ободонӣ, аз ҷумла кашидани хатти оби нӯшокиву полезӣ сармояҳои хориҷӣ низ ҷалб карда шавад.

Дар моварои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз вазъи коргоҳи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Исфарафарфор» шиносоӣ пайдо кард. Маълум гардид, ки дар коргоҳи мазкур тамоми шароити корӣ муҳайё буда, дар он 11 нафар ҳунарманд кору фаъолият менамоянд. Коргоҳи мазкур ба истеҳсоли зарфҳои гуногуни сафолӣ бо шумули кӯзаҳои гуногунҳаҷму армуғонҳо машғул буда, маҳсулоти он дар бозорҳои вилоят серхаридор мебошад. Раиси вилоят ба роҳбари корхона Исмоилхӯҷа Музаффаров дастур дод, ки ба ороиши маҳсулот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, доираи фаъолиятро васеъ ва содироти маҳсулоти истеҳсолшударо ба роҳ монанд. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки истеҳсоли зарфҳои махсуси сафолӣ барои бандубасти асал бо тарзи миллӣ хеле мувофиқ ва барои содироту армуғони сайёҳон туҳфаи хубест, ки ба корхона манфиати калон хоҳад расонид. Зеро тибқи супоришҳои Пешвоямон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда ҳаҷми истеҳсоли асал ва содироти он афзун мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин ба масъулини Идораи сохтмони асосии вилоят дастур дод, ки бо мақсади дастгирии корхонаи ватанӣ сафолакҳои ороишии он дар бунёди иншооти гуногун истифода бурда шавад.

Меваҳои шаҳдбори Исфара соири кишварҳоро тасхир кард

Дар сафари мазкур Раиси вилоят бо фаъолияти коргоҳи ҶДММ «Чил Фрукт» ошно гардид ва ба кори босамари он баҳои баланд дод. Маълум шуд, ки дар коргоҳ 20 нафар бо кори доимӣ таъминанд.

Тавре роҳбари коргоҳ Суҳробиддин Ашӯров иттилоъ дод, меваҳои хушк ба Русияву Қазоқистон, Белорусия ва дигар кишварҳо содирот мешудаанд, ки соли гузашта 100 тонна хушкмева бандубаст ва содирот карда шудааст. Имсол роҳбарияти коргоҳ азм дорад, ки 300 тонна хушкмева содирот намояд.

Хушкмеваҳои Исфарамарз аз ҷиҳати биологӣ тоза буда, ниёзи кишварҳои номбурда сол то сол меафзояд. Инчунин, дар лабораторияҳои Русия исбот шудааст, ки меваҳои аз Тоҷикистон содиротшуда ба тамоми стандартҳои гигиенӣ ва санитарӣ ҷавобгӯ мебошад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баҳри ҳарчӣ бештар коркард намудани меваҳои хушк дастур дода, содиротро яке аз маҳаки асосии пешрафти кишвар унвон намуд. Ба роҳбарияти коргоҳ дастур дода шуд, ки барои истиқболи ҷашнҳои миллӣ бо дастовардҳои назаррас саҳми худро гузоранд.

Роҳҳои нообод обод мегарданд

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят ба таъмири куллии кӯчаи ба номи Нарзӣ Ҳаитов, ки аз гардиши маҳаллаи Баҳор то буриши кӯчаи ба номи Бобо Маҳкамов иборат аст, дар вазъи тантанавӣ ба асфалтпӯшӣ ифтитоҳ бахшид. Дар он пирони рӯзгордида, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ширкат варзиданд.

Зимни баромади хеш Раиси вилоят изҳор дошт, ки дастовардҳои беназири солҳои Истиқлолият ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабти бевосита дошта, аз ҷумла, тазаккур дод, ки мумфарш намудани зиёда аз 2 километр роҳи мазкур аз ҳисоби буҷаи вилояти Суғд маблағгузорӣ ва он аз тарафи ширкати роҳсозии «Тоҷроҳ» ба субут расонида мешавад.

Сокинон аз ибтикори мазкур изҳори миннатдорӣ намуданд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки иқдоми навбатӣ шоистаи таҳсин буда, ба ҳусни шаҳр таровати дигар зам менамояд ва боиси равуои бемалоли нақлиёт мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки кӯчаи мазкур ба шарафи табиби ҳозиқ шодравон Нарзӣ Ҳаитов гузошта шудааст. Зеро хатти бурриши он ба кӯчаи ба номи Бобо Маҳкамов рафта мерасад, ки Беморхонаи марказӣ дар шафати он қарор дорад.

Раиси вилоят дар баромади хеш аз гаравиши ҷавонони корноозмудаву бесавод ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ёдовар шуда, аз ҳодисаи нангини дар вилояти Хатлон ба вуқӯъпайваста бо афсӯс ёдрас шуд. Инчунин, аз падару модарон даъват ба амал овард, ки масъулияти худро ҷиддан ба роҳ монанд ва дар тарбияи фарзандон ва ҳаводиси рӯзҳои охир бетараф набошанд. Зимнан, Раҷаббой Аҳмадзода расидан ба қадри фазои орому пойдории сулҳи нозанин ва сиёсати сулҳҷӯёнаву хирадмандонаи Пешвои муаззамро яке аз қарзҳои виҷдонии ҳар як сокини кишвар маънидод кард.

Дар идомаи боздид Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти сохтмони бинои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ошно гардид. Фармоишгари бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки дорои 45 хона, аз ҷумла 15 хонаи якҳуҷрагӣ, 15 хонаи дуҳуҷрагӣ ва 15 хонаи сеҳуҷрагӣ мебошад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара буда, пудратчии он ҶДММ «Бинокор» аст. Тавре аён гардид, бинокорон корҳои сохтмониро дар ошёнаҳои якум, дуюм ва сеюм ба итмом расонидаанд ва ҳоло дар ошёнаи чорум машғули кор ҳастанд. Раиси вилоят пас аз боздид ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки корҳои сохтмониро ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонида, ҷиҳати ободониву кабудизоркунии атрофи бинои истиқоматӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Исфара чӣ мушкилот ва чӣ дастовард дорад?

Ҳамчунин дар доираи сафари корӣ дар маҷлисгоҳи бинои Нозироти андози шаҳр қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, ки дар он 20 нафар сокини ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Навгилем, Кӯлканд, Чилгазӣ, Лаккон, Хонобод, Нефтобод ва маркази шаҳр ба Раиси вилоят асосан барои ҳалли мушкилоти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, варзиш, фарҳанг муроҷиат намуданд.

Инчунин, аз таъмини шаҳраки Шӯроб бо оби нӯшокӣ масъалагузорӣ шуд. Раиси вилоят ҳар як дархости сокинонро баррасӣ намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилот масъулини ниҳодҳои марбутаро вазифадор намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо сокинони шаҳри Исфара иброз дошт, ки роҳбарияти вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва арзу шикояти сокинон сари вақт омӯхтаву мушкилот бартараф карда мешавад.

Баъдан, бо иштироки фаъолони шаҳр ҷаласаи корӣ доир гардид. Раиси вилоят вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро таҳлил намуда, барои густариши корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла, нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ 103,7 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 60,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 2,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Воридоти маблағи буҷети маҳаллӣ 37,8 миллион сомониро дар бар гирифт, ки ба 104 фоизи нақша баробар мебошад ва дар қиёс ба даври ҳисоботии соли гузашта 1,5 миллион сомонӣ зиёд аст.

Ҳамзамон, маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 161,5 миллион сомониро ташкил дод, ки ин рақам нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 19,5 миллион сомонӣ барзиёд иҷро гардида, суръати афзоиш 113,8 фоизро нишон медиҳад. То охири сол боз 8 коргоҳи нави истеҳсолӣ бо 89 ҷойи нави корӣ бунёд мегардад.

Пешрафтҳои назаррас дар ҷодаи кишоварзӣ низ ба чашм мерасанд. Бо вуҷуди боришоти зиёд ва фаромадани селҳои харобиовар кишоварзон бо истифода аз малакаҳои касбӣ тавонистанд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба 112,2 миллион сомонӣ расондаанд, ки 104,6 фоизи суръати афзоишро нишон медиҳад. Айни ҳол, ки дарави ғалладонагӣ дар авҷ аст, деҳқонон аз ҳар гектар на кам аз 60 сентнерӣ ҳосили хуб бардоштанд. Нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатии шаҳри Исфара (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) дар 6 моҳи соли 2018-ум 102,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 46 миллиону 895,1 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд, ки аз нақша 1 миллиону 305,1 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 6 миллиону 196,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 104,1 фоиз иҷро гардида, 37 миллиону 848,1 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ карда шуд, ки аз нақша 1 миллиону 503 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба 6 моҳи соли 2017-ум 2 миллиону 59,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Исфара барои солҳои 2018-2020 татбиқи 152 лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр ба маблағи 200 миллиону 431 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то ин давр аз он ба маблағи 26 миллиону 467,9 ҳазор сомонӣ корҳо амалӣ карда шуданд, ки ҳамагӣ ба 13,2 фоизи маблағи умумии барнома баробар аст.

Дар баробари ин дар соҳаи саноат як қатор мушкилоти ҷиддӣ ҷой дорад, ки бе рафъи онҳо рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро таъмин намудан ғайриимкон аст. Боиси нигаронист, ки дар 6 моҳи сипаришуда дар маҷмӯъ 5 корхонаи саноатии шаҳр пурра кор накардаанд. Илова бар ин, 9 корхона, нисбат ба 6 моҳи соли 2017 ба ақибмонӣ роҳ додаанд, ки аз ин ҳисоб ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол нагардид.

Раиси вилоят бо таҳилили вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр ба масъулин дастур дод, ки ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорат қарор дода шавад.

Раиси вилоят ҳамзамон, ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои коркарди ширу консерва, баланд бардоштани ҳосилнокии зиротҳо, риояи структураи кишт, бунёди гармхонаҳои замонавӣ ва боғҳои суперинтенсивӣ, захираи хошоки дурушт, вусъати кишти такрорӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, омодагӣ ба тирамоҳу зимистони дар пешистода, таъмиру навсозии муассисаҳои тиббӣ ва мактабҳои садамавӣ, таъмини иҷрои нақшаи андозҳо назди роҳбарияти шаҳр вазифаҳои мушаххас гузошт.

Пешрафтҳои назаррас дар Чоркӯҳ

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими оғози корҳои мумфаршкунии кӯчаи ба номи Насрулло Асадуллоеви ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ иштирок намуд. Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳудуди як километр роҳи мошингарди ин кӯча, аз буриши роҳи Исфара-Ворух то минтақаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №27-и ҷамоат мумфарш карда мешавад. Раиси вилоят дар ҳузури сокинон аз тадбирҳои ободониву созандагӣ, бахусус таъмиру навсозии роҳҳои мошингард, ки дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят амалӣ мегардад, ёдоварӣ намуд. Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки дар чунин амалҳои ободониву созандагӣ соҳибкорони ватандӯст саҳми худро гузошта истодаанд, ки мисоли онро дар шаҳри Исфара метавон мушоҳида намуд. Намунаи барҷастаи он соли гузашта аз ҳисоби худи соҳибкорони деҳаи Чоркӯҳ ҳудуди 18 километр роҳҳои дохили ҷамоат асфалтпӯш гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, роҳи мошингарди кӯчаи ба номи Насрулло Асаддулоеви ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дар гузашта ҳолати хароб дошт ва баъди анҷоми корҳои таъмирӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир бе мушкилӣ сурат мегирад. Бо иштироки Раиси вилоят ва пирони рӯзгордида ба мумфаршкунии роҳ ҳусни оғоз бахшида шуд. Корҳои таъмирии роҳи мазкурро Ширкати роҳсозии «Тоҷроҳ» ба уҳда дорад. Дастур дода шуд, ки ба сифати корҳои роҳсозӣ бештар таваҷҷуҳ дода шавад, то он солиёни зиёд ба мардум хизмат намояд.

Иловатан, дар ҷамоати мазкур аз ҷониби Раиси вилоят ду нафар собиқадорони меҳнат аёдат шуданд. Раҷаббой Аҳмадзода аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат нисбат ба қадршиносии собиқадорону фидоиёни Ватан, ки дар пешрафти соҳаҳои мухталиф саҳми худро гузоштаанд, хотиррасон шуд.

Ҳамзамон, Раиси вилоят бо рафти кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ шинос гардида, дар маъракаи ҷамъоварии картошка дар Кооперативи тиҷоратии «Тухмипарварии Чоркӯҳ» ширкат намуд. Раиси Кооперативи мазкур Неъматбой Олимов иттилоъ дод, ки хоҷагӣ дорои 931 гектар замин, аз ҷумла, 407 гектар боғ ва 375 гектар заминҳои корам мебошад, ки дар он номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ кишту парвариш карда мешавад. Деҳқонони соҳибтаҷриба баҳри оқилона истифода бурдани замин ва рӯёнидани ду ҳосил, баъди ҷамъоварии ғалладонагӣ дар майдони муайян кишту парвариши сабзиро ба роҳ мондаанд.

Соли равон Кооперативи тиҷоратии «Тухмипарварии Чоркӯҳ» дар майдони бештар аз 120 гектар картошка кишт намудааст. Интизор меравад, ки аҳли заҳмати хоҷагӣ аз кишти картошка ҳосили фаровон ба даст меоваранд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 400-450 сентнериро дар бар хоҳад гирифт.

Барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати помидор ба роҳбарият ва хоҷагидорони кооперативи мазкур Раиси вилоят тавсия дод, ки дар оянда тухмиҳои нав ва серҳосилро истифода намоянд. Ҷиҳати ба роҳ мондани кишти такрорӣ, ҷамъоварии хошоки дурушт барои чорво, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дастуру тавсияҳои зарурӣ дода шуд.

Толори варзишӣ дар Хоҷаи Аъло

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ толори варзишӣ барои хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 сохта мешавад, ки дар маросими гузоштани санги асос барои оғози корҳои сохтмони иншооти мазкур Раиси вилоят ширкат варзид. Раҷаббой Аҳмадзода қайд намуд, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди вилоят сохтмони бештар аз 3 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст. Гуфта шуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳӣ корҳои созандагӣ вусъати тоза гирифта, ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ иншоотҳои муҳим бунёд ва ба истифода дода хоҳанд шуд. Аён гардид, ки дар гузашта хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 ба толори варзишӣ ниёз доштанд. Лозим ба ёдоварист, ки сокинон ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур ба Раиси вилоят муроҷиат намуда буданд.

Собиқадори меҳнат, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Бобоҷон Туйчиев аз номи аҳли ҷамоатчигӣ изҳори сипос намуда, баён дошт, ки масъалаи мазкур, ки қаблан ба Раиси вилоят ироа шуда буд, билфосила мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҳалли худро ёфт.

Раиси вилоят ба масъулини Идораи сохтмони асосии вилоят супориш дод, ки толори варзишӣ бо сифати баланд сохта, дар рӯзи ҷашнгирии солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Ворух дар масири фарҳанги неки ҳамсоядорӣ

Дар доираи сафари корӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар бинои ҷамоати деҳоти Ворух ду нафар собиқадори меҳнатро аёдат намуд. Дар суҳбат бо фаъолони ҷамоат Раиси вилоят маслиҳат дод, ки масъулин таҷрибаи кори шахсони соҳибтаҷрибаро дар фаъолияти минбаъдаашон истифода намоянд. Ҳамзамон, Раиси вилоят вобаста ба муносибати неки ҳамсоядорӣ бо сокинони кишвари ҳамсояи Қирғизистон дастур дода, илова намуд, ки бо роҳи таҳаммулпазирӣ ду ҷониб ба музаффариятҳо ва дастовардҳо ноил мегарданд.

Дар деҳаи мазкур Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободонӣ аз наздик шинос шуд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хонаи фарҳанги ҷамоат азнавсозӣ карда шуда, намои дохиливу берунии он ба таври замонавӣ таъмиру тармим хоҳад гашт. Дар як гӯшаи Хонаи фарҳанг, ки китобхона амал мекунад, аз ҷониби Раиси вилоят тавсия дода шуд, ки китобхона ба дигар ҷой кӯчонида, аз ин ҳисоб даромадгоҳи Хонаи фарҳанг васеъ карда шавад. Шароити мусоиди истироҳативу фароғатии Хонаи фарҳанг ба аҳолии 32 ҳазорнафараи деҳаи Ворух мувофиқи мақсад дониста шуд.

Инчунин, зимни сафари корӣ Раиси вилоят ба мумфаршкунии мавзеи «Чорчинор» то мавзеи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №22-и деҳа дар фазои мутантан ҳусни ифтитоҳ бахшид. Раиси вилоят саҳми соҳибкорони бурунмарзии ин маҳал ва аҳолии онро дар корҳои ободонӣ қобили таҳсин арзёбӣ намуд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони Ворух дар ҳамдастӣ бо аҳолӣ тасмим гирифтаанд, ки ҳудуди 8 километр роҳи мошингардро мумфарш менамоянд. Харҷи маблағҳои пешбинишуда қариб 3 миллион сомониро дар бар мегирад. Раиси вилоят ба масъулини Ширкати роҳсозии ҶДММ «Ваҳдат - 2018» барои анҷоми корҳои босифат тавсияҳо ва дастурҳои зарурӣ дод.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз се муассисаи таҳсилоти садамавии шаҳри Исфара, яктои он бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав бунёд карда мешавад. Дар ҷамоати деҳоти Ворух Раиси вилоят дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди 8 синфхонаи иловагӣ барои 480 нафар иштирок намуд. Дар ҳузури сокинони сершумор Раиси вилоят аз нақши мактаб, илму маориф дар рушди инсоният ёдоварӣ намуда, изҳор дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф сол аз сол пеш рафта истодааст. Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло шумораи мактабҳои садамавӣ дар вилоят 46 адад буда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ин мушкилот ба пуррагӣ ҳал мегардад.

Оғоз ба ҷои анҷом

Сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти он барои ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоса нисбат ба ояндаи наврасону ҷавонон ба Пешвои муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд. Инчунин, мардуми ин марз барои саҳмгузорӣ дар рушду шукуфоӣ ва ободонии Ватан омодагии худро изҳор доштанд.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»,
Хуҷанд-Исфара-Хуҷанд






Add comment


Security code
Refresh