Гирандагони қарзи хурд афзудааст

Дар маҷлисгоҳи Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии фаъолияти ташкилотҳои қарзии вилоят, дар нимсолаи аввали соли 2018 мавриди таҳлил қарор гирифт.

Наврӯз Валиев - роҳбари Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодиву асосии ташкилотҳои қарзӣ маълумот дода, қайд намуд, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ назар ба ҳамин даври соли гузашта 141 фоиз зиёд гардидааст.

Ҳамзамон, ӯ қайд намуд, ки низоми бонкӣ нисбат ба соли гузашта 1 адад кам шудааст, ки он бонкҳои мустақил, ташкилотҳои қарзии хурд ва фондҳои қарзиро дар бар мегирад. Шумораи воҳидҳои сохторӣ бошад, 582 адад буда, нисбат ба соли сипарӣ 17 адад кам гардидааст. Ҳамчунин аз теъдоди кормандони низоми бонкӣ 591 нафар ихтисор шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар рӯйихати Бонки миллии Тоҷикистон 533 ҳазор кортҳои пардохтӣ фаъолият дошта, дар қиёс ба ҳамин даври соли гузашта 3, 1 фоиз зиёд аст. Ҳамзамон, бобати зиёд гардидани таҷҳизоти хизматрасонии корти пластикӣ, бақияи андоз ва фоизи миёнаи пасандоз маълумот дода шуд. То ба имрӯз шумораи гирандагони қарзи хурд аз бонкҳо 8,8 дарсад бештар шуда, фоизи миёнаи қарзҳо бошад, бо ҳисоби қурби асъори миллӣ 1, 2 фоиз кам гардидааст.

Инчунин, қурби расмии доллари амрикоӣ дар қиёс ба аввали сол 3,8 фоиз нисбат ба қурби асъори миллӣ боло рафта ва рубли русӣ бошад, 4, 4 фоиз паст шудааст.

Дар фарҷоми нишасти матбуотии Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо намояндагони расонаҳои ахбори омма суолу ҷавоб доир гардид.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh