Корхонаи муштараки "ВТ-Силк” баъди бозистии дусола ба фаъолият оғоз кард

9 августи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз корхонаи муштараки "ВТ-Силк”, ки ба коркарди пилла машғул аст, боздид намуд.

Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи мазкур баъди бозистии дусола дубора ба фаъолият оғоз кард.

Дар корхонаи муштараки "ВТ-Силк» дар як сол 30 тонна пилла коркард мешавад ва имрӯз дар он 130 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Раиси вилоят дар аснои боздид аз корхонаи мазкур таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ва фаъол намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд ва барои дастгирии корхонаҳои саноатӣ ҳамеша омода аст.

Ба роҳбарияти корхона дастур дода шуд, ки барои бештар намудани ҳаҷми истеҳсол ва захираи ашёи хом чораҳои мушаххас андешида, дар оянда теъдоди ҷойҳои кориро боз ҳам зиёд намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh