Ҷойҳои нав корӣ таъсис дода мешаванд

Роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуд.

-Айни замон 24 субъект дар МОИ “Суғд” ба қайд гирифта шуда, 7 коргоҳ ба фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва амалиёти содиротию воридотӣ машғул буда, қисми дигар бо корҳои сохтмонӣ, ворид намудани таҷҳизот, кор, ободонӣ ва чанде аз дигар субъектҳо дар марҳалаи бозхонди мақоми субъектӣ қарор доранд, - қайд намуд роҳбари минтақаи мазкур Фирдавс Олимзода.

Давоми шаш моҳи аввали соли 2018 маҷмӯи умумии маҳсулоти саноатӣ ва намуди дигари хизматрасониҳо ба 49 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нишондиҳанда нисбат ба ҳамин даври соли сипарӣ 16 миллион зиёд буда, имсол саноатчиён нақша доранд истеҳсоли маҳсулотро ба беш аз 100 миллион сомонӣ расонанд. Содироти молу маҳсулоти субъектҳо ба давлатҳои Қазоқистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба роҳ монда шудааст.

Дар МОИ «Суғд» миқдори умумии ҷойҳои кории доимӣ аз оғози фаъолият 440 нафар буда, то охири соли равон бо ифтитоҳ ёфтани корхонаҳои нав боз қариб 200 ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад.

Масоили ҳамкорӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷиро шарҳ дода, роҳбарият изҳор дошт, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани якчанд лоиҳаи инвеститсионӣ корҳо аз ҷумла, сохтмонҳои роҳи оҳан, маркази логистӣ, намоишгоҳи байналмилалӣ ва инфрасохтори аввалия идома дорад.

Дар поёни нишаст байни роҳбарият ва рӯзноманигорон суолу ҷавоб баргузор гардид.

Маъмурахон САМАДОВА,
 «Ҳақиқати Суғд» 

Add comment


Security code
Refresh