Густариши ҳамкориҳо …

Дар Анҷумани соҳибкорони бурунмарзӣ, ки дар толори Маркази таълимии истироҳатии Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон доир гардид, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти сохторҳои дахлдор, соҳибкорони бурунмарзӣ аз Федератсияи Русия, Қазоқистон ва ватанӣ иштирок карданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба анҷуман ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро ба муносибати фарорасии ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод кард. 

Зимни суханронии хеш муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зикр дошт, ки Анҷумани мазкур дар доираи ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат доир ба густариши ҳамкориҳо ва рушди созандаи иқтисодӣ, иҷтимоии кишвар мусоидат хоҳад кард. Мавсуф роҷеъ ба дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, чораҳои андешидашуда, тақвият додани фаъолияти соҳибкорӣ, имтиёзҳо, меъёрҳои муқаррар гардида  ҳарф зада, зикр дошт, ки барои амалӣ намудани тадбирҳои созанда дар ҷумҳурӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар вилоят 21 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад. Солҳори 2017 – 2018 ба вилоят 2,1 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ворид шудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ қайд кард, ки аз баракоти соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола фазои сармоягузории ватаниву хориҷӣ, фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат рушд ёфта, самараи заҳмати соҳибкорон дар пешрафту шукуфоии мамлакат амиқ эҳсос мегардад. Мавсуф фаъолияти соҳибкорони ватаниро дар дигар мамолик хосатан қайд карда, изҳор дошт, ки ҳар яки шумо дар ҳамон кишваре, ки меҳнат мекунед, бешак дар мақоми як сафири миллат ва намояндаи мардуми тоҷик ҳам ҳастед, ки баробари пешниҳоди маҳсули кору хизматрасонӣ, шуғли тиҷорат ва монанди ин, унсурҳои фарҳанги миллии тоҷикон - урфу одат, расму оинҳои мардумиву миллии моро ба шоистагӣ муаррифӣ намуда, дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои миллиамон саҳми хешро мегузоред.

Раиси вилоят дар бораи мулоқоту форумҳои соҳибкорони тоҷик бо Пешвои миллат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор гирифтан ва афзоиши маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ёдовар гашт. Дар натиҷаи андешидани силсилаи тадбиру чорабиниҳо маҷмӯи маҳсулоти  минтақавӣ дар соли 2017 ба 16,7  миллиард сомонӣ баробар гашта, нисбат ба соли 2000 - ум 34  маротиба  ва нисбат ба соли 2006 - ум 7,2 маротиба афзуд.

Дар бораи афзудани равобити иқтисодии берунӣ Раиси вилоят зикр дошт, ки муносибати иқтисодии тиҷоратӣ бо 56 давлати ҷаҳон, аз ҷумла бо Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Хитой, Қирғизистон, Шветсария, Литва, ИМА, Италия, Корея, Туркия, Вйетнам, Британияи Кабир, Эрон ва ғайра сол аз сол васеъ ва устувор гашта, соли сипарӣ гардиши савдои хориҷӣ  2050,1 миллион доллари ИМА-ро такшил намуд, ки нисбат ба  соли 2000 -ум 4,9 маротиба зиёд буда, содирот 505,0 миллион доллари ИМА ва воридот 1545,1 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.  

Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи хизматрасониҳои гуногуни соҳибкорони бурунмарзӣ, фарҳанги мардуми тоҷик, содироти меваҳои шаҳдбори сарзаминамон тавассути Шоҳроҳи Абрешим, рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, эҳёи корхонаҳои коркарди мева ва консерв дар шаҳри Исфара, бунёди иншоот дар муассисаҳои тандурустӣ ва маориф, густариши робитаҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фаъолияти назарраси корхонаҳои “Қолинҳои Қайроққум” “Арча”, амалҳои хайрхоҳонаи соҳибкорон дар дигар кишварҳо, бо ибтикори Пешвои миллат дар мамлакат соли 2018 эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дар ин радиф андешидани тадбирҳои наҷиб маълумот дод. Раиси вилоят ба соҳибкорони бурунмарзӣ муроҷиат карда, зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд омода ҳаст, ки дар баробари истифода аз таҷрибаву машваратҳои судманди шумо, ҳамагуна барномаҳоятонро дар мавриди ташкили нуқтаҳои қабули сайёҳон, таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ, бунёди меҳмонхонаҳои муосир дар минтақаҳо ба рушди сайёҳӣ ва ҳар нақшаву ниятҳои дигар дастгирӣ намояд.

Дар анҷоми Анҷуман Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба кору фаъолияти минбаъдаи соҳибкорон барору комёбиҳо таманно кард.

Хабарнигори
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh