Намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии вилоятҳои Суғду Самарқанд дар Хуҷанд

8 сентябри соли 2018 дар доираи Рӯзҳои вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Суғд дар Қасри варзиши маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии вилоятҳои Суғду Самарқанд доир шуд.

Дар маросими ифтитоҳии намоишгоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Сафири Фақулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ, ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст намояндагони вилояти Самарқандро ба сарзамини Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфт. Таъкид гардид, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев робитаҳои миёни мамлакатҳо барқарор гардида, муносибатҳои дӯстонаи байни ду давлат барои густариши ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо мусоидат намуда истодааст. Аз ҷумла, муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, адабиву фарҳангӣ ва варзишӣ миёни вилоятҳои Суғду Самарқанд таҳким ёфта, марҳилаи нави ҳамкориҳо оғоз гардидааст. Раҷаббой Аҳмадзода ташкили Рӯзҳои вилояти Суғд дар вилояти Самарқанд ва баргузории Рӯзҳои вилояти Самарқанд дар вилояти Суғдро намунаи олии тавсеаи ҳамкориҳо арзёбӣ карда, иброз дошт, ки намояндагони вилояти Самарқанд мунтазам дар чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу минтақавии дар вилояти Суғд баргузоршаванда иштирок менамоянд. Ҳузури гурӯҳи калони намояндагони вилояти Самарқанд дар Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2018” имкон дод, ки миёни доираҳои тиҷоратии ҳар ду вилоят созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода инчунин ёдовар шуд, ки дар ҷараёни баргузории Рӯзҳои вилояти Суғд дар вилояти Самарқанд ба маблағи беш аз 100 миллион доллари ИМА шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуда буд ва сафари намояндагони вилояти Самарқанд ба Суғд дар таҳкими муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ саҳифаҳои навро боз хоҳад кард.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз дастовардҳои соҳаҳои кишоварзиву саноати вилояти Суғд таъкид кард, ки ҷонибҳо метавонанд дар ин замина ҳамкориҳоро боз ҳам тақвият бахшанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон афзуд, ки бо бозшавии гузаргоҳҳои сарҳадӣ теъдоди меҳмонону сайёҳоне, ки аз Ӯзбекистон тавассути вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, 400 000 нафарро ташкил медиҳад ва ин худ гувоҳи он аст, ки равуои сокинон ва табодули молу маҳсулот миёни кишварҳо дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов аз истиқболи самимӣ ва ба қавли худаш намунавӣ изҳори сипос намуда, густариши ҳамкориҳоро дар ҳамаи бахшҳо натиҷаи талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ кард.

Сипас, раисони вилоятҳо аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии вилоятҳои Суғду Самарқанд боздид намуданд. Дар намоишгоҳи мазкур 60 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Самарқанд ва 60 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Суғд маҳсулоти гуногунро аз қабили маҳсулоти соҳаи мошинсозӣ ва техникаи хоҷагии қишлоқ, сохтмон, нассоҷӣ, мебел, қолинбофӣ, чиниворӣ, дорусозӣ, хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти шириву гӯштӣ ва нонӣ, меваи хушк, консерва, нӯшокиҳои ташнашикан, асал ва амсоли инро ба маъраз гузоштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Add comment


Security code
Refresh