Боздиди донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ аз Неругоҳи барқи обии “Роғун”

Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар вохӯрӣ бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода санаи 3 майи соли равон аз Раиси вилоят хоҳиш намуда буданд, ки барои аз наздик шинос шудан бо рафти сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” мусоидат намоянд.

Санаи 11 октябр бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 16 нафар донишҷӯёни фаъоле, ки дар бахши таъмини барқ ва автоматика таҳсил доранд, ба шаҳри Роғун сафар намуда, бо роҳнамоии ёрдамичии  ди⁠ректори генералии ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” Сафарбек Валиев, муовини ди⁠ректор оид ба истеҳсолот Қурбонназар Давронов ва сардори Раёсати бехатарии нерӯгоҳ Тешабой Исломов бо ҷараёни сохтмон шинос гардиданд. Дар рафти вохӯрӣ бо сохтмончиён итттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар ин нерӯгоҳи бузурги аср беш аз 21 ҳазор кормандон дар се баст фаъолият доранд ва ду агрегати нерӯгоҳ бо иқтидори 200 мегаватт рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Кор дар дигар бахшҳо бо маром идома дошта, айни ҳол қувваи бештари сохтмончиён ба симбандиву бетонхобонӣ равона гардидааст.

Ба донишҷӯён аз ҷониби мутахассисони нерӯгоҳ тарҳи асосии нерӯгоҳ нишон дода шуд, ки дар сурати ба истифодадиҳии он мутахассисони беҳтарин  ба кор даъват карда мешаванд.

Донишҷӯён бо таассуроти хеле олӣ аз ин нерӯгоҳ баргашта, ҳар яке дар дил хоҳиши дар  ин нерӯгоҳ кор карданро пайдо намуданд.

-Ҷомеаи устодону шогирдони донишкада барои фароҳам овардани чунин сафари хотирмону омӯзишӣ ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипос менамоянд, - иттилоъ доданд аз Донишкадаи политехникӣ.

Ёдовар бояд шуд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки иқтидори ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт — соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардида, он барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад.

Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони неругоҳи «Роғун» дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh