Сохтмон ва бунёдкорӣ - башорати рушду пешрафт

Санаҳои 19-20 октябри соли 2018 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода, роҳбарону масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, сохтмончиён, меъморону лоиҳакашон, намояндагони корхонаву ширкатҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сухани муқаддимавӣ Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи бинокории ватании воридотивазкунанда ва ҳунарҳои мардумиро ифтитоҳ бахшида, баргузории ин ҳамоишро башорати пешрафт ва рушди кишвари соҳибистиқлоламон арзёбӣ намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон зикр дошт, ки иштироки беш аз 60 коргоҳ, ташкилоти лоиҳакашӣ, корхонаҳои ҳунармандӣ бо маҳсулот ва дастовардҳои хеш дар ин намоиш бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки воқеан, кормандони соҳаҳои саноату сохтмон, соҳибкорону ҳунармандон ва намояндагони дигар ташкилотҳои лоиҳакашиву меъморӣ ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ менамоянд.

Боиси зикр аст, ки давоми соли гузашта дар қаламрави вилоят якчанд мулоқоту форумҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ, аз ҷумла бо намояндагии давлатҳои Ӯзбекистону Арабистони Саудӣ, намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои кишвари ба мо дӯст ва бародари Ӯзбекистон, намоишгоҳи байналмилалии “Суғд-2018” бо иштироки соҳибкорону тоҷирони маҳаллӣ ва намояндагони кишварҳои Ӯзбекистону Россия, Қазоқистону Қирғизистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб ва ғайра доир гардиданд. Ҳамаи ин тадбирҳо аз иқдомоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба рушду нумӯи соҳаи саноат ва ташкили коргоҳҳои муштарак мусоидат менамоянд.

- Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазиру воридотивазкунанда як силсила тадбирҳои судманд андешида шуданд.

Дар натиҷа, ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, давоми 9 моҳи соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 8,1 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки бо нархҳои амалкунанда нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 941,4 миллион сомонӣ зиёд буда, ба 113,1 фоиз баробар аст. Суръати рушди саноати вилоят бо назардошти индекси нархҳо бошад, ба 109,9 фоиз баробар гардид. Аз ҷумла, танҳо дар нӯҳ моҳ 863,2 ҳазор тонна семент истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 264,4 ҳазор тонна ё 1,4 маротиба зиёд мебошад, - таъкид дошт Раиси вилоят.

Имрӯз метавон гуфт, ки вилоят содироти бонизоми сементи истеҳсоли ватаниро ба давлатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ба роҳ мондааст. Чунончӣ, тибқи маълумоти гумруки вилоят, давоми 9 моҳи соли 2018 дар маҷмӯъ 335,7 ҳазор тонна семент содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 1,9 маротиба зиёд аст.

Дар 9 моҳи соли 2018 дар миқёси вилоят 73 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият шурӯъ ва 1049 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Соли 2018 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст. Вобаста ба ин, дар намоишгоҳ ҳунармандони ҷумҳурӣ маҳсулоти худро низ ба намоиш гузошта буданд. Раҷаббой Аҳмадзода изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар намоишгоҳ зиёда аз 20 коргоҳи лоиҳакашӣ аз тамоми манотиқи мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе иштирок доранд ва ҳузури фаъолонаи онҳо мутмаин месозад, ки солҳои оянда барои ба нақша гирифтани иншооти ҳаётан муҳим, тарҳи биноҳо, бунёди маҳаллаву шаҳракҳо ҳамаи онҳо саҳми назаррас мегузоранд.

Баргузории ин намоишгоҳ ба вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни мубораки 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

 Чунончӣ, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои сазовор ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 6 ҳазор иншоот ба нақша гирифта, боз сохтмону таъмири иншооти гуногун аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону шахсони саховатманд идома доранд.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода низ суханронӣ намуда, бобати ҳадафҳои намоишгоҳ ва самтҳои рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмон, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, баҳри боз ҳам бештар ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ватанӣ ва истифодаи тарҳу услубҳои офарандагии миллӣ фикру андешаҳои худро баён дошт.

Дар намоишгоҳ баҳри аз наздик шинос шудан ба маҳсулоти сохтмонӣ ва меъмории корхонаҳо ва ширкатҳо, маҳсули дасти ҳунармандону наққошони миллӣ шароит фароҳам оварда шуда буд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода аз намоишгоҳ боздид намуда, ба масъулини соҳа, бахусус сохтмончиёну меъморон бобати рушди соҳа ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ супоришҳои муфид доданд.

Маҳсулоти коргоҳҳо ва лоиҳаҳои сохтмонии ширкатҳои «Сохтмон - 2014», «Душанбешаҳрсоз», «Хатлон - шаҳрофар», «Суғд – лоиҳакаш», «Корезлоиҳа», «Старпласт», «Тиниал», «Элегант», «Силкоатбоя», «Ҷаҳони нав», «Саноатсоз» ва ғайраҳо баёнгари он аст, ки Тоҷикистони азизи мо дар ин самт низ пешравию дастовардҳои назаррас дорад.

Мухтори Абдулло,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh