Дидбонгоҳҳои назорати андозӣ дар коргоҳҳои пахтатозакунӣ

Аз 11 сентябр дар 41 корхонаи қабул ва коркарди пахтаи вилоят дидбонгоҳҳои назорати андозӣ гузошта шуданд. Мақсади гузоштани онҳо таъмини назорати андоз дар фаъолияти субъектҳои ба коркарди пахта машғулбуда, ба ҳисоб гирифтани гардиши молии онҳо ҷиҳати муайян намудани уҳдадории андозӣ, таъмини пардохти қарзи андози ҳоҷагиҳои деҳқонии пахтакор мебошад.

Муҳлати фаъолияти дидбонгоҳҳои назорати андозии шабонарӯзӣ як моҳ муқаррар шудааст. Гурӯҳҳои корӣ ва шахсони мутасаддии дидбонгоҳҳои назорати андозӣ вазифадор гардидаанд, ки рафти қабул ва ё хариди пахтаи хом аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, коркарди пахта ва фурӯши маҳсулоти аз он истеҳсолшавандаро зери назорат қарор диҳанд.

Бо назардошти он, ки қарзи соҳаи кишоварзии вилоят дар назди буҷети давлатӣ хеле зиёд аст, ба ҳар як дидбонгоҳ рӯйхати хоҷагиҳои бақияпулиҳои андоз дошта, дастрас ва ҳар даҳрӯза маълумоти пахтасупорӣ бо нишондоди номгӯи хоҷагиҳо дар шакли электронӣ ба Нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои пахтакор ирсол карда мешаванд. Зикр бояд намуд, ки 41 корхонаи қабул ва коркарди пахтаи вилоят дар шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ашт, Конибодом, Гулистон ва Ҷаббор Расулов ҷойгир мебошанд.

Гурӯҳҳои корӣ муваззаф шудаанд, ки ҳар ҳафта аз натиҷаи фаъолияти дидбонгоҳҳои назорати андозӣ ба Раёсати андози вилоят гузориш диҳанд. Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҳосилғундории пахтаи соли 2017 низ дар коргоҳҳои қабул ва коркарди пахтаи вилоят дидбонгоҳҳои назорати андозӣ гузошта шуда буданд ва натиҷаҳои хубу назаррас доданд.

Бо ташкил гардидани дидбонгоҳҳои назорати андозӣ дар корхонаҳои пахтатозакунӣ нишондоди ҳаҷми пахтаи қабулшуда дар ҳамаи коргоҳҳои қабул ва коркард зиёд гардид. Ҳолатҳои бе ҳуҷҷати қабули пахта харидорӣ намудани пахта пешгирӣ карда шуд.

Раёсати андоз дар вилоят тасмим дорад, нишондодҳои дидбонгоҳҳои назорати андозӣ, маълумоти оморӣ ва СИА “Баҳисобгирии андозҳо”-ро ба якдигар муқоиса карда, баъди ҷамъбасти пурраи мавсими ҳосилғундорӣ дар коргоҳҳои қабул ва коркарди пахтаи вилоят ҷаласаи корӣ баргузор намуда, барои ислоҳи камбудиҳо чораҷӯӣ намоянд.

Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОДА

Add comment


Security code
Refresh