Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи коркарди “Санги хоро” ва ҶММ “Ҷавонӣ”

Роҳбарияти корхонаи коркарди “Санги хоро”-и шаҳри Хуҷанд тасмим доранд бо воридсозии таҷҳизоти наву замонавӣ доираи фаъолиятро васеъ, ҳаҷми истеҳсолро афзун ва ҷойҳои кориро зиёд намоянд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд.

Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи мазкур рӯзи 1 ноябр сурат гирифт ва роҳбари корхона Абдулҳақ Бобоҷонов ба Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидори истеҳсолии корхона афзун карда мешавад.

Раиси вилоят аз иқдоми соҳибкор изҳори қаноатмандӣ карда, барои ҳарчӣ бештар намудани ҷойҳои нави корӣ тавсияҳои муфид дод.

Сипас, Раиси вилоят дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти корхонаи муштараки Италияву Тоҷикистон ҶММ “Ҷавонӣ” шинос гардид. “Ҷавонӣ” яке аз бузургтарин корхонаҳои соҳаи саноати сабуки вилоят ба ҳисоб рафта, дар он коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхона сол аз сол бештар гардида, маҳсулоти истеҳсолшуда ба кишварҳои Аврупо содирот карда мешавад.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ ба роҳбарияти корхона ҷиҳати ворид намудани технологияҳои нав, боз ҳам бештар намудани ҷойҳои корӣ ва дастгирии доимии коргарон супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh