Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

2 ноябри соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Исмоил мулоқот намуд.

Мулоқоти мазкур дар толори Қасри фарҳанги ҷамоат доир шуд ва дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, фаъолону сокинони ҷамоати деҳот ширкат варзиданд.

Дар мулоқот нахуст перомуни омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия раиси ноҳия Назирӣ Зариф Вализода гузориш дод. Таъкид гардид, ки сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили шоистаи ҷашни таърихӣ софдилона заҳмат кашида истодаанд.

Сипас, Раиси вилоят вазъи соҳаҳои гуногуни ноҳияро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид кард, ки новобаста аз иҷрои нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, дар ноҳия ҳанӯз захираву имкониятҳои истифоданашуда зиёд буда, аз масъулин фаъолияти пурсамарро тақозо менамояд.

Зикр гардид, ки нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатии ноҳия (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) дар 9 моҳи соли равон 101,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 159,6 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз нақша 3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 102,1 фоиз иҷро гардида, 119,1 млн сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки аз нақша 2,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Новобаста аз он, ки нақшаи воридоти андозҳо ба буҷет саривақт таъмин гардидааст, маблағи барзиёд иҷрошавии буҷети маҳаллӣ тамоман ночиз буда, барои ҳалли проблемаҳои ҷории ноҳия нокифоя мебошад, зеро ноҳия аз ҷиҳати нуфузи аҳолӣ калонтарин дар вилоят мебошад ва проблемаҳои ҳалталаб бениҳоят зиёданд.

“Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои солҳои 2016-2020” татбиқи 173 лоиҳаро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ба маблағи 139,5 млн. сомонӣ пешбинӣ менамояд. Дар солҳои 2016 - 2017 ва 9 моҳи соли 2018 мувофиқи маълумотҳо 162 лоиҳа ба маблағи умумии 67,1 млн. сомонӣ ба иҷро  расидааст, ки баробари 48,1 фоизи маблағи умумии барнома мебошад.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда дар нуҳ моҳи соли равон дар ноҳия 9 корхонаву коргоҳи нав бо 116 ҷойи корӣ ба истифода дода шудааст. Дар ин давра аз 103 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ 25 адад суръати афзоишро нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ таъмин карда натавонистаанд. Бо назардошти ин мувофиқи мақсад дониста шуд, ки бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия  куллан ҷоннок карда шавад.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзии ноҳия Раиси вилоят аз қафомонии чиниши пахта дар ноҳия, ки нисбати соли гузашта 1331 тоннаро ташкил медиҳад, изҳори нигаронӣ намуда, барои бартарафсозии камбудиҳо супоришҳои қатъӣ дод.

Ҳамзамон дар назди масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки 152 гармхонаи ноҳия, захираи маҳсулот дар сардхонаҳо, ба анҷом расонидани кишти тирамоҳӣ аз рӯйи нақшаи тасдиқшуда, захираи хӯроки чорво барои зимистонгузаронӣ, бартарафсозии бақияи қарзи истифодаи нерӯи барқ, таъмини афзоиши қисмидаромади буҷет ва андоз, таъминииҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои солҳои 2016-2020» тавассути ҷалби бештари сармояҳои хориҷиюдохилӣ, беҳтар намудани таъминоти аҳолии ноҳия бо молҳои аввалиндараҷа, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ вазифаҳо гузошта шуд.

Дар робита бо раванди корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Исмоил гуфта шуд, ки то соли 2021 дар ҷамоат сохтмону барқарорсозӣ ва таъмиру тармими 115 адад иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Танҳо дар соли 2018 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Исмоил бунёду барқарорсозӣ ва таъмиру тармими 42 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 35 адад, аз ҷумла сохтмони мактаб, синфхонаҳои иловагӣ, таъмири беморхона, мумфаршкунӣ, таъмири роҳ, хатти об, хатти барқ, хонаҳои саломатӣ ба анҷом расидааст. Инчунин, дар ин давра дар ҳудуди ҷамоат 1 адад кошонаи ҳусн ва 5 адад сартарошхона бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст.

Қасри фарҳанги ҷамоат пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда,  он  бо 120 адад курсиҳо ҷиҳозонида шуд. Дар соҳаи савдо бошад дар ҳудуди ҷамоат дар ин давра 9 адад маркази савдо ва хизматрасонӣ бо 50 ҷойи корӣ ташкил карда шуд.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз ҷиҳати амалишавии чорабиниҳои ба нақша гирифта,  аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо  зиёда аз 3 млн. сомонӣ маблағ  азхуд карда шудааст.

Раиси вилоят бо изҳои қаноатмандӣ аз раванди бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти Исмоил баҳри сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони ҷамоат ва ҳам ноҳия вазифаҳои дар наздашон гузошташударо иҷро намуда, ҷашни таърихии миллатро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh