Вазъи омодагӣ ба зимистон – нигаронкунанда

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба вазъи омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии солҳои 2018 - 2019 тибқи нақшаи ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи сайёр доир гардид.           

Ҷаласаро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳусни оғоз бахшид.

Дар ҷаласа муовинони Раиси вилоят, аъзои ситодҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони сохторҳои маҳаллӣ, омор, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, идораи роҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, шабакаҳои барқӣ, Хадамоти оташнишонӣ ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат доштанд.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар доираи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии солҳои 2018-2019 аз масъулини соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла аз хоҷагии роҳ, Бозрасии давлатии автомобилӣ, ҳолатҳои фавқулодда, шабакаҳои барқӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, экология ва дигарон пурсиш ба амал овард.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ зимни суханронӣ оид ба омодагӣ ба давраи зимистонгузаронии солҳои 2018-2019 зикр дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт, барои фаъолияти мунтазам дар давраи зимистони солҳои 2018 - 2019 тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Дар асоси қарори баррасишуда ситод таъсис дода шуд. Бо мақсади таъмини қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят ва сохторҳои дахлдор қарорҳо ба тасвиб расиданд. Дар ин давра бо иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдори вилоятӣ оид ба омода намудани хоҷагии халқи вилоят ба зимистони имсола ду маротиба ҷаласа доир шуда, оид ба муташаккилона омодагӣ дидан, бо нархи арзон захира намудани маҳсулоти сўзишворӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирии хароҷоти баризофа, саривақт ба итмом расондани таъмиру тармими муассисаҳо тадбирҳои зиёд андешида шудааст.

Тибқи маълумоти омории Сарраёсати молияи вилоят дар асоси дастуру супориш барои захираи маводи сўхт ба миқдори 8,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, то ин дам 8,3 миллион сомонӣ барои хариди ангишт ва аз он ба соҳаҳои маориф 6,6 миллион сомонӣ, тандурустӣ 1,6 миллион сомонӣ ва фарҳанг 65,1 ҳазор сомонӣ аз буҷаи вилоят маблағ равона гардид. Хароҷоти маблағҳо дар маҳалҳо барои семоҳаи сеюм ба нақша гирифта, амалӣ шуда истодааст.

Ҳамчунин, бо мақсади захираи маводи сўхт аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 1,7 миллион сомонӣ маблағ ба ноҳияҳои Деваштич, Ашт, Мастчоҳ, Шаҳристон ва шаҳри Истиқлол пурра пардохт карда шуд.

Анвар Яъқубӣ ҳамчунин дар асоси қарори Раиси вилоят бобати таъминоти соҳаҳои иҷтимоӣ бо маводи сўхт, нигаҳдории роҳҳои автомобилгард ва таъмини бехатарии роҳҳо дар ағбаҳо, захираи маводи зидди лағжиш, омода будани техникаҳои махсус дар давраи зимистонгузаронӣ, ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст намудани як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва маориф, барқарор намудани дегхонаҳои аз фаъолиятмонда, таъмин намудани ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ бо сару либос, маводи хўрока ва ҷараёни иҷрои нақшаи пешбинигардида омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим оид ба дақиқ набудани маълумотҳои оморӣ, кор дар минтақаҳои хавфноки вилоят дар мавсими зимистон, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, хизматрасонии техникӣ, мувофиқи матлаб набудани захираи маводи сўзишворӣ дар муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ изҳори андеша кард.

Дар бораи омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ нисбат ба фаъолияти масъулини шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои истихроҷи ангишт, муассисаҳои нигаҳдории роҳҳои автомобилгард дар ағба ва нақбҳо, таъминоти чорвои калони шохдор ва моли майда бо хошоки дурушт, оид ба таъминот бо сару либос ва хўрокворӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, захираи маводи зиддисўхтор, вазъи роҳи Кўҳистони Мастчоҳ ва дигар масъалаҳои марбут ба мавсими зимистонгузаронӣ эродҳои ҷиддӣ гирифт.

Дар анҷом Раиси вилоят масъулинро баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вазифадор намуд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh