“РОҒУН” ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАНИ АЗИЗИ МО

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Амалигардонии се ҳадафи стратегӣ ба рушди хоҷагии халқи мамлакат мусоидат намуд. Яке аз ҳадафҳои тақдирсоз тавассути бунёди нерӯгоҳҳо таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб меёбад.

Барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ бунёди НБО “Роғун” такони ҷиддӣ бахшид. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои таърихию нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ин иншооти бузурги аср оғоз карда шуд. Соли 2009 Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ин сохтмони азими тақдирсозро бо қувваи худ бисозем.

Ширкатҳои бузург ва бонуфузи “Салини Импре-ҷило”-и Италия ва “Трактебел инҷи - ниринг” - и Франсия дар сохтмони НБО “Роғун” ҳамкорӣ намуданд. 29 октябри соли 2016 дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як ҳодисаи муҳим рух дод. Ин рӯз тантанавӣ бо иштироки бевоситаи Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади идома бахшидан ба сохтмони бузурги стратегии мамлакат НБО “Роғун” маҷрои дарёи Вахш баста шуд.

Бояд таъкид сохт, ки сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр, баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт – соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа маҳсуб меёбад, ки он барои амалӣ намудани ҳадафи стратегӣ - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бевосита мусоидат менамояд.

Боиси хурсандист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои ҳамсоя, бунёди ин сохтмони ҳаётан муҳими Тоҷикистон, муҳимияти онро барои рушди минтақа дарк ва ҷонибдорӣ намуданд. Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2016 дар суханронӣ дар маросими бастани маҷрои дарёи Вахш зикр намуданд: “Навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода хоҳад шуд”.

Имрӯз боиси хурсандӣ ва сарфарозии мост, ки санаи 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО “Роғун” ба истифода дода шуда, барои чароғон намудани хонадони мо истифода гардид. Ҳамин тариқ, нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” барои пешрафти хоҷагии халқи мамлакат, таъмин намудани соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ бо қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, рушди бемайлони давлат ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқи азизамон мусоидат менамояд.

Шоҳрух НЕЪМАТЗОДА,
ёрдамчии прокурори ҳарбии гарнизони Суғд,
капитани адлия

Add comment


Security code
Refresh