Миёни роҳбарияти ширкатҳои “Барс” ва "Мён Сунг"-и Кореяи Ҷанубӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ширкати "Мён Сунг"- и Кореяи Ҷанубӣ Чон Ёнг Сун ва соҳибкорони вилоятро ба ҳузур пазируфт.

"Мён Сунг" яке аз ширкатҳои маъруфи Кореяи Ҷанубӣ ба ҳисоб рафта, бо соҳибкорони кишварҳои гуногун дар самти бунёди гармхонаҳои замонавӣ бо истифода аз технологияҳои ҷадид ҳамкорӣ менамояд. Қабл аз ин ҳам миёни ҷонибҳо суҳбатҳо доир ва барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва бунёди гармхонаҳои замонавӣ дар вилояти Суғд тафовуқот ба даст омада буд.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз имкониятҳои вилояти Суғд ва вазъи соҳаи кишоварзӣ таъкид кард, ки ташкили гармхонаҳои типи нав барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он мусоидат менамояд.

Дар раванди мулоқот миёни роҳбарияти ширкатҳои “Барс” ва "Мён Сунг" созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд ва ҳамин тавр бори аввал дар вилоят бо усули гидропоникӣ ва бо ҷалби мутахассисони кореягӣ дар масоҳати 2 гектар гармхона бунёд мегардад. Ба иттилои мутахассисон истифодаи технологияҳои муосир имконият медиҳад, ки аз ҳар гектари чунин гармхонаҳо то 300-400 тонна помидор истеҳсол карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh