Боздиди кории Раиси вилоят аз шаҳри Бӯстон

Чанде қабл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Бӯстон сафари корӣ анҷом дода, раванди корҳои ободониву созандагиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Зимни сафар Раиси вилоят сараввал аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд Пак” боздид намуд. Ёдовар бояд шуд, ки корхонаи мазкур моҳи октябри соли 2013 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд. Бо роҳандозии иқдомҳои шоистаи масъулин корхона доираи фаъолияти худро васеъ намуда, соли 2017 навбати дуюми он мавриди истифода қарор гирифт. Соли равон бошад дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи корхона сехи нави истеҳсоли халтаҳои полиэтилении ғунҷоишашон гуногун ба кор андохта шуд.

Ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки технологияи нави воридгардида  2 миллион доллар арзиш дошта, имкон фароҳам омад, ки боз даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин гарданд. Раиси вилоят бо қаноатмандӣ аз иқдоми мазкур ҷиҳати содироти маҳсулот, насби тамғаи “Истеҳсоли Тоҷикистон” ва мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ дар маҳсулоти истеҳсолшаванда тавсияҳои муфид дод.

Сипас, Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои созандагӣ дар даромадгоҳи шаҳри Бӯстон шинос шуд. Дар ин мавзеъ бо саҳмгузории соҳибкорон сохтмони бинои сеошёна идома дошта, дар назар аст, ки дар он меҳмонхона, тарабхона ва нуқтаи хизматрасонӣ ташкил карда шавад.

Раиси вилоят ташаббуси соҳибкоронро ҷиҳати ободонии маҳал муфиду саривақтӣ арзёбӣ карда, тавсия дод, ки дар ошёнаи якуми бино кошонаи ҳусн низ таъсис дода шавад. Дар аснои шиносоӣ ҳамзамон маслиҳат дода шуд, ки дар сохтмон ва ороиши меҳмонхона санъати меъмории миллӣ низ истифода бурда шавад. Зеро ин омил метавонад таваҷҷуҳи сайёҳонро бештар ҷалб созад.

Раиси вилоят ҳамзамон дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров бо сохтмони боз як иншооти ҷашнӣ – меҳмонхонаи замонавӣ шинос гардида, баҳри иҷрои босифати корҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Хотирнишон бояд кард, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон 155 иншооти гуногун сохта мешавад. Имрӯзҳо дар бархе аз иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ оғоз ва бо маром идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh