Машварати кории назди Раиси вилоят

3 декабри соли 2018 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории назди Раиси вилоят баргузор гардид.

Дар машварати корӣ, ки бо иштироки муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоту идораҳо сурат гирифт, вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли равон ва омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси вилоят пас аз шунидани ҳисоботи муовинони Раиси вилоят оид ба вазъи соҳаҳои гуногун ҷиҳати иҷрои сифатноки буҷети давлатӣ, таъмини истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ,фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақим, иҷрои ўҳдадориҳои муайяншудаи соҳаи саноат, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, коҳиш додани шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, ташкили корхонаҳои коркарди гӯшту шир, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда аз маҳсулот ва ашёи хоми дохилӣ, рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону духтарони хонашин ба шуғл, яхобмонию шўршўии заминҳо, истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои холимонда, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли меваҷот, таъмини пурраи пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ, солиму беталаф баровардани чорво аз давраи зимистони солҳои 2018-2019, истифодаи самараноки иқтидори сардхонаҳои мавҷуда, ташкили ярмарка-фурўши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар  шаҳрҳои саноатӣ,  таъмини фаъолияти бомароми муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ дар фасли зимистони солҳои 2018-2019,  таъмин намудани волоияти қонун, пешгирии шомилшавии шаҳрвандони алоҳида ба гурўҳҳои экстремистиву террористӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ҳамзамон масъулин вазифадор карда шуданд, ки барои густариш бахшидан ба бунёди майдону толорҳои варзишӣ, ободу зебо гардонидани хиёбону гулгаштҳо, маҳалҳои аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва дигар корҳои ободонӣ дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо истифода аз нерў ва захираҳои мавҷуда корбариро ҷоннок намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh