Қиёси равшани тадбирҳои созандагӣ

Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои саривақтии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси вилоят «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор» дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров гурӯҳи корӣ таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои ободонӣ ва созандагӣ таҳия шуданд.

Бо назардошти ташаббусҳои сокинон дар 4 соли минбаъда дар ноҳия амалишавии 1162 тадбирҳои ободонию созандагӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз он дар соли равон 336 чорабинӣ тарҳрезӣ гардида, дар даври ҳисоботӣ 306 нақша амалӣ шудааст. Аз ҷумла, бинои мактаби №17 дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача барои 624 хонанда аз ҳисоби буҷети вилоят сохта, он дар соли нави хониш бо иштироки Раиси вилоят мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Инчунин, дар Ҷамоати деҳоти Д.Холматов, маҳаллаи Темурмалик бинои иловагии мактаби таҳсилоти умумии №16 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар 5 мактаби ноҳия бинои иловагӣ бунёд гардид. Ҳамчунин, дар ноҳия 2 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва №53, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, азнавсозӣ гардид.

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш бо ташаббуси оилаи Каримовҳо дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №50 як варзишгоҳ ва майдонча сохта, ба истифода дода, ҳудуди муассисаи мазкур панҷарабандӣ гардид. Чунин варзишгоҳи хурд дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11-уми Ҷамоати деҳоти Ғозиён аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Инчунин, дар назди Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳия ва Қитъаи суғдии роҳи оҳан 2 толори варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон, дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия майдончаҳои варзишӣ ва толорҳои хурди варзишӣ сохта шуданд. Умуман, дар ин давра дар ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳо 11 толор ва майдончаи варзишӣ сохта, 4 иншооти варзишӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Ҷиҳати ба зинаи аввали таҳсилу тарбия фарогирии кӯдакон ва аз байн бурдани норасоии ҷой дар кӯдакистонҳо чораҳо андешида шуда, аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз кӯдакистони «Зебо», ки солҳои тӯлонӣ аз фаъолият бозмонда буд, азнав барқарор гардида, ба истифода дода шуд. Дар Ҷамоати шаҳраки Ғафуров гурӯҳи садамавии кӯдакистони №16 аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Боиси қайд аст, ки дар даври таътили тобистона ҳамаи муассисаи таълимии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Тибқи дастуру супоришҳо дар маҳалли зисти сокинони ноҳия, бахусус деҳаҳои дурдаст корбарӣ намуда, дар Ҷамоатҳои деҳот сохтани 11 кошонаи ҳусн, ташкили 20 нуқтаи хатна ва 3 нуқтаи таваллудхона пешбинӣ гардида, баҳри иҷрои он корбарӣ оғоз гардидааст. То имрӯз дар ноҳия 3 кошонаи ҳусн, 8 сартарошхона, 1 ҳаммом, 15 нуқтаи хатна ва 2 нуқтаи таваллуд ташкил шуданд.

Айни ҳол дар Ҷамоатҳои деҳоти Ҳайдар Усмонов ва Хистеварз сохтмони беморхона оғоз гардида, дар Ҷамоати деҳоти Зарзамин сохтмони маркази саломатӣ босуръат идома дорад. Тибқи нақша сохтмони 2 бинои иловагӣ дар марказҳои саломатии Ҷамоати деҳоти Хистеварзу Исфисор ва 2 Хонаи саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Чашмасор сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, 3 беморхона, 13 хонаи саломатӣ аз таъмири асосӣ бароварда, 2 бинои ёрии таъҷилӣ таъмир ва 1 бинои иловагии Маркази саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Чашмасор сохта шуданд.

Бино ба гуфти масъулин дар соҳаи фарҳанг низ як қатор чорабиниҳо тарҳрезӣ гардида, дар ин давра дар маркази Ҷамоати деҳоти Унҷӣ аз ҳисоби хоҷагии ба номи С.Урунхӯҷаев Боғи фарҳангӣ ва истироҳатӣ бунёд гардида, он бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мавриди истифода қарор гирифт. Дар Ҷамоатҳои деҳоти Хистеварз ва Ғозиён хонаҳои маданият аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Дар Ҷамоати Исфисор - деҳаи Дашти Амин Қасри фарҳанг пурра навсозӣ гардид.

Дар солҳои 2018-2021 аз ҳисоби буҷети вилоят мумфаршкунии роҳи Хуҷанд - Ёва, сохтмони 2 муассисаи таҳсилоти умумӣ, идомаи сохтмони беморхона ва Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов ба нақша гирифта шуда, то имрӯз мумфаршкунии роҳ ба охир расидааст.

Дар ин давр дар ҳудуди ноҳия 57 маркази савдою хизматрасонӣ бо 200 ҷойи корӣ ташкил шуд. Дар самти кишоварзӣ 4 гармхона дар Ҷамоатҳои деҳоти Исфисор, Ҳ.Усмонов, 1 сардхона ва 1 ҳавзи моҳипарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Исмоил бо 16 ҷойи корӣ, 1 фермаи паррандапарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз ташкил карда шуданд.

Дар соҳаи инфрасохтор корҳои мумфаршкунӣ, шағалпӯшкунӣ, кашидани хатҳои об, барқ, чароғонкунӣ ва сохтмони 3 пул (кӯпрук) амалӣ гардиданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони гурӯҳи корӣ дар шаҳрак ва Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ҷиҳати саривақт амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh