Оғози давраи нави ҳаёти давлати мо

Боиси ифтихору саодатмандӣ ва ифтихору шарафмандист, ки дар остонаи таҷлили ҷашни фархундаву ҳумоюнӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо - мардуми шарифи кишвар шоҳиди боз як рӯйдоди умедбахш – ифтитоҳи чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” гардидем. Дар ҳақиқат, ба ҳар як фарди кишвар маълум аст, ки Пешвои муаззами мо ҳанӯз дар раванди зимоми давлатдории навини миллиро бар дӯш гирифтан ва дар роҳи эъмори давлати соҳибистиқлол баҳодурона қадам гузоштан нахуст таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ ба ҳар як сокини кишварро ҳамчун ҳадафи олии давлату Ҳукумати кишвар муқаррар намуданд.

Баҳри расидан ба татбиқи муваффақонаи ин мақсади олӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои се ҳадафи стратегӣ, аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро ҳамчун омили рушди босуботи Тоҷикистони азиз ба миён гузоштанд. Яке аз ҳадафҳои дерина ва орзуву ормони ҳар як фарди кишвар, ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб меёбад.

Ба истифода додани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки ҳамагон шоҳиди бевоситаи он гардидем, қадами устувору баҳодурона дар ин самт мебошад. Воқеан ҳам Президенти маҳбуби мо бунёдгузории НБО “Роғун” мебошанд. Ин аст, ки баҳри расидан ба ин санаи хубу хотирмон Пешвои муаззами миллат мунтазам ҷаҳду талош намуда, ҳамеша рафти ҷараёни бунёдкориву созандагии ин кохи нурро зери назари хеш қарор доданд.

Бунёди кохи нур омили рушди иҷтимоӣ - иқтисодии кишвар, арсаи нангу номус, мояи ифтихор ва сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як фарди кишвар, таъмингари рӯзгори босаодати мардум мебошад. Аз ин корнамоиву ҷоннисорӣ ва ватандориву ватансозии абармарди миллат, мо – ҷавонон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ҳамчун фарзандони як оилаи тифоқ дар атрофи Роҳбару раҳнамои худ – Пешвои муаззам ва ғояи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол Ватани маҳбуби ҳамаи мост!” муттаҳид гардида, баҳри рушди босуботи кишвар саҳми босазои хешро мегузорем!

Мамнур НУРЗОДА,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh