ИНШООТИ ТАҚДИРСОЗИ ВАТАН

Таърихи начандон тӯлонии даврони Истиқлолият собит месозад, ки мардуми тоҷик, давлати ҷавону соҳибистиқлоли мо дар ҷодаи ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Муҳимтарин дастоварде, ки ба пешрафту муваффақиятҳои минбаъда заминаи устувор гузошт, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба ризоият ва оштии миллӣ, истиқрори сулҳ дар ҷомеа буд, ки дар натиҷаи талошҳои босубот ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Бо шарофати сиёсати оқилонаю дурандешона ва созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлат мо дар роҳи бунёди давлати миллӣ ва соҳибистиқлоли худ ба комёбиҳои чашмрас ноил гардидем.

Тӯли солҳои Истиқлолият нерӯгоҳҳои хурду бузург, аз қабили нерӯгоҳи барқи обии «Помир – 1», нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб – Шимол», хатти интиқоли барқи 220 – киловаттаи «Лолазор – Хатлон» сохта шуданд ва дар идомаи ин ташаббусҳои наҷиб ба истифода додани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боиси сарфарозии сокинони кишвар гардид.

Бунёди ин иншооти энергетикии арзишманд иқдоми оқилонаву самаранок ва фоидаовару безарари истифодаи захираҳои обу энергетикӣ ба шумор меравад. Зеро масъалаи таъмини сарфаҷӯии энергия, кам кардани талафоти он ва доир ба рушди манбаъҳои алтернативии энергия андешида шудани чораҳои муассир талаботи замон аст. Боиси хушнудист, ки зимни татбиқи ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид «Энергияи устувор барои ҳама» Тоҷикистон дар қатори панҷ мамлакати дунё ба ҳайси кишвари пилотӣ пешниҳод шудааст. Баъди фаъолияти пурраи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳаёти сокинони кишвар ба куллӣ тағйир меёбад ва мо ба сӯйи дурахшандагиву тараққиёт қадамҳои устувортар мегузорем.

Мадина НОЗИМОВА,
донишҷӯи факултети забонҳои хориҷии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh