НБО “Роғун” – муъҷизаи аср

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи якуми бузургтарин иншооти аср – Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" барои кишвари азизамон як ҳодисаи фараҳбахш ба шумор меравад. Бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастани ин лаҳзаи пурсаодатро муҳим арзёбӣ намуданд.

Зеро ин санаи таърихиву ҳумоюн барои мо рӯзгори ободу осуда ва муваффақиятҳои нав ба нави инкишофро эҳдо хоҳад кард. Бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикии кишвар-масъалаи рушди устувори соҳаи энергетикӣ мавриди пайгирии Пешвои миллат қарор дода шуд. Аз ҷумла, бунёди бузургтарин кохи барқи тоҷик "Роғун"оғоз гардид. Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ дорад.

Баъди бунёди иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Обе, ки дар обанбори "Роғун" ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хукшксолӣ ҳамчун манбаи асосӣ истифода бурда мешавад. Рӯзи деринтизори мо фаро расид, армони миллати тоҷик, ҳамаи халқҳои сокини Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшид. Албатта, расидан ба ин ҳадаф кори осон набуд. Он бар ивази талошҳо, истодагариҳо, суботкорӣ муяссар гашт.

Фарҳод МУҲАДАМИНОВ,
донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва
савдои иқтисод Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh