Раҷаббой Аҳмадзода: ВАО ба рушди ҷомеа созгор бояд бошад!

5 феврали соли 2019 дар толори Осоишгоҳи “Баҳористон” - и шаҳри Гулистон нишасти матбуотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. Раиси вилоят зимни суханронии худ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2018 ба рӯзноманигорон маълумот дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки соли 2018 мардуми вилоят, чун тамоми мардуми тамаддунофари ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои арзанда ноил гардида, баҳри татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ намудани ҳадафҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри ободии сарзамини аҷдодӣ ва кишвари пешрафтаву рушдёбанда мубаддал гардонидани Ватани азизамон талошҳои арзишманд намуданд.

- Қабл аз ҳама зикр намуданиам, ки соли 2018 бо як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ барои мардуми кишвар соли бобарор ва пур аз рӯйдодҳои таърихӣ буд, - зикр дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Оғози Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», ба фаъолият оғоз кардани агрегати нахустини Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва дар сатҳи баланди дӯстию ҳамкорӣ ба роҳ мондани муносибатҳои бародарию ҳамсоягӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими соли 2018 буданд, ки дар китоби таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои зарҳалӣ сабт гаштанд.

Дар ин давр рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 18,3 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Cоли 2018 бобати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба тавсеаи нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, инчунин, таъмини рушди соҳа, вусъат бахшидан ба бунёди иқтидорҳои истеҳсолии воридотивазкунанда ва афзунгардонии иқтидори содиротӣ низ тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардиданд.

Давоми соли 2018 дар вилоят бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли ашёи хом дар заминаи ҶДММ «Қолинҳои Суғд», навбати дуюми ҶДММ “Анҳор”, корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел”, ҶДММ “Ариана – металл - пласт”, коргоҳи қолинбофии «30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ» ифтитоҳ ёфтанд.

Дар ин раванд бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои телевизиони вилояти Суғдро, ки дар ифтитоҳи он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд, махсус қайд карданиам, ки туҳфаи хубе барои кормандони телевизиони вилоятӣ гардид.

Сипас, Раиси вилоят роҷеъ ба натиҷаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, фарҳангу маориф ва тандурустӣ маълумоти муфассал дод.

Зикр гардид, ки дар соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11,3 миллиард сомонӣ баробар гардида, афзоиш 110,5 фоиз нисбат ба соли 2017 - умро ташкил кард.

Соли 2018 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон дар вилоят истеҳсоли семент ба 1 миллиону 140 ҳазор тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 208,9 ҳазор тонна ё 1,4 маротиба зиёд аст. Имрӯз метавон тазаккур дод, ки вилоят содироти бонизоми сементи ватаниро ба давлатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ба роҳ мондааст.

Ба нақша гирифта шуда буд, ки соли 2018 дар вилоят 88 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ таъсис дода мешавад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми соли сипарӣ дар вилоят 93 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият шурӯъ намуд, ки 1431 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардид.

Дар даври ҳисоботӣ аз 603 корхонаи саноатӣ 530 корхона ё 87,9 фоиз фаъолият бурданд. Мутаассифона, 73 корхона ё 12,1 фоизи корхонаҳои вилоят фаъолият накарданд.

Соли 2018 фаъолияти корхонаҳои саноатии “ВТ - силк”, “Нику - Хуҷанд”, “Ресандаи Тоҷикистон”, “Зиннат”, “Тамохуш - заводи гидрометаллургии Исфара” ва як қатор корхонаҳои дигари аз фаъолият бозмонда дубора ба кор дароварда шуданд.

Саноатчиёни вилоят иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати эълон намудани саноаткунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ – ҳамчун ҳадафи стратегии чоруми кишвар бо хушнудии том ва интизориҳои бузург истиқбол гирифтанд.

Дар соли 2018 чуноне зикр доштам, агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ифтитоҳ гардида, барои рушди ояндаи соҳаи саноат ва умуман хоҷагии халқи ҷумҳурӣ заминаи таърихӣ гузошт.

Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба истифода дода шудани хатти интиқоли барқи 220 киловолтаи “Айнӣ – Панҷакент” дар баробари фаъолияти бомароми корхонаи муштараки “Зарафшон”, барои рушди бемайлони шаҳри Панҷакент барои даҳсолаи наздик заминаи боэътимод гузошта шуд.

Дар даври ҳисоботӣ кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 8 миллиарду 85,5 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 105,2 фоиз таъмин гардид.

Дар соли сипаришуда дар самти сохтмони иншоотҳои соҳаҳои истеҳсолӣ, иҷтимоию фарҳангӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 722,6 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ равона гардид. Илова бар ин, ба маблағи 1248,9 миллион сомонӣ корҳои сохтмону васлкунӣ ва ба маблағи 493,5 миллион сомонӣ корҳои пудратӣ ба итмом расонида шуданд.

Соли 2018 дар вилоят мактабҳо барои 2031 ҷой, кӯдакистонҳо барои 960 ҷой ва беморхонаҳо дорои 83 кати муолиҷавӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Рушди бонизоми бахши воқеии иқтисодиёт шароит барои таъмини иҷрои нақшаҳои буҷети давлатӣ мусоидат намуданд.

Дар соли 2018 нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба 104,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2 миллиарду 114,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 88,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давр ба буҷети маҳаллии вилоят 1 миллиарду 722,4 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 5,1 фоиз ё ин ки 82,9 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки дар раванди иҷроиши нақшаи буҷет камбудиҳо, захираю имкониятҳои зиёди истифоданашуда низ ҷой дорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 11 намуди андоз дар шаҳри Истаравшан 4 намуд, Гулистон 3, Ашт, Мастчоҳ, Хуҷанд 2 - намудӣ, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Истиқлол, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Спитамен 1 намуди андозҳо иҷро нагардида, аз ин ҳисоб 68,9 миллион сомонӣ маблағи андозҳо ба буҷети давлатӣ ворид нагардид.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 6500 иншоот пешбинӣ гардидааст ва амалисозии нақшаҳои тарҳрезишуда бомаром идома дорад. Чунончӣ, дар соли 2018 бо саҳмгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон, сармоягузорону саховатмандон, фаъолону аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ 1175 иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

- Умедворам, ки дар соли 2019 низ мардуми вилоят бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафти диёри азизамон талошҳои бунёдкоронаро бо садоқат ба давлату миллат идома медиҳанд, - изҳор дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят ҳамзамон, изҳори боварӣ намуд, ки воситаҳои ахбори омма чун ҳарвақта дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани маданияту фарҳанг, забондонӣ ва завқи аҳли ҷомеаи муосир, инъикоси дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла корҳои созанда ва пешравиҳои рӯзгори мардуми вилоят саҳми назаррас мегузоранд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Ҷовиди Аштӣ (“Ҷумҳурият”), Мирзоаъзам Мақсудов (“Садои мардум”), Афзал Босолиев (ШТР “Азия”), Маъсуми Муҳаммадраҷаб (“Озодӣ”), Алишер Охунов (“Фараҷ”), Илҳом Ҳошимов (“СМ - 1”), Мавлуда Рофиева (“Азия плюс”) ва дигарон ба Раиси вилоят саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои амиқ гирифтанд. Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмуни вилоятии “Хомаи созанда” Диплом ва мукофотҳои пулиро тақдим дошт.

Мухтори Абдулло,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh