Машварати кории назди Раиси вилоят

Чанде қабл дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту идораҳои вилоятӣ машварати кории назди Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода машварати кориро оғоз бахшида, иброз дошт, ки бо назардошти ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат имкониятҳои мавҷуда бояд самаранок истифода бурда шавад. Таъкид гардид, ки масъулини ниҳодҳои дахлдорро зарур аст, ки фаъолиятро ҷоннок намуда, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ ва ба ин восита афзун сохтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Дар рафти машварат муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар, муовинони Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ва Анвар Яъқубӣ оид ба вазъи соҳаҳои саноат, маорифу тандурустӣ ва ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.

Сипас, Раиси вилоят ҷиҳати тақвияти корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, сари вақт омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ, захира намудани тухмии картошка ва чигити аълосифат, рушди шолипарвариву моҳипарварӣ, ташкили боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои замонавӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, таъмири роҳҳои автомобилгард дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh