Шаҳр гулистони ҳақиқӣ мешавад

- Дар соли 2018 - ум корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон фаъолияти бомаром дошта, ба маблағи 3,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбат ба соли 2017 - ум 91,1 фоизро ташкил кардааст.

Аз 30 корхонаи саноатии шаҳр 17 - тои он афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,7 то ба 830 фоизӣ расонида, бо 19 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ доштанд. Инчунин, ба иқтисодиёти шаҳр 572,8 миллион сомонӣ, аз ҷумла маблағгузориҳои (инвеститсияҳои) хориҷӣ 530 миллион ва дохилӣ 42,8 миллион сомонӣ ҷалб гардид, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода.

Ҳамзамон, ӯ зикр кард, ки соли сипарӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ 144,9 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид шуда, нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ ба маблағи 44,8 миллион сомонӣ иҷро гардид. Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо назардошти хароҷот 42 миллиону 690 сомонӣ, яъне 100 фоиз таъмин гашт.

Соли 2018 – ум осоишгоҳҳои «Баҳористон, «Шифо», «Соҳил», урдугоҳи «Шоҳин», Маркази хизматрасонии «Усмонҷон» ва 4 меҳмонхонаи шаҳр барои дар як вақт қабули зиёда аз 2000 нафар фаъолиятро ба роҳ монда, расман дар ин муассисаҳо 3862 нафар меҳмони хориҷӣ ва 27340 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ табобату истироҳат намуданд.

Ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ давоми се сол дар миқёси шаҳр ва ҷамоатҳои он 180 иншоот бо фарогирии 2300 ҷойи нави корӣ бунёду навсозӣ мегардад. Аз ин шумора давоми соли гузашта 40 иншоот, аз ҷумла 4 коргоҳи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 90 ҷои корӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин замина дар назар аст, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз боз як коргоҳи нави истеҳсоли арматура бо фарогирии 100 ҷои кор ба истифода дода шавад, - иброз намуд Фирдавс Шарифзода.

Рӯзноманигорон ба саволҳои худ доир ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии мамлакат, сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди зинаи таҳсилоти томактабӣ, фаъолияти корхонаи ҶСШК “КМ Адрасмон”, НБО «Қайроққум», мақоми зан, барномаи рушди соҳибкорӣ, омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳр ва монанди инҳо посух гирифтанд.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh