Исфара: Буҷет бори аввал 100,1 фоиз иҷро гардид

Давоми чор соли охир маротибаи аввал иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет 100,1 фоиз таъмин ва ба буҷет 91349 сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид. Ин нуктаро раиси шаҳр Сиҷоуддин  Саломзода дар нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои соли 2018 ба намояндагони ВАО иброз дошт.

Дар ҷараёни нишаст, гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳои асосӣ набудани макони хубе, ки имкониятҳои сайёҳии шаҳрро ба таври шоиста, хоса барои сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ созад, маҳсуб меёбад. Барои шаҳри Исфара ташкили чунини марказ масъалаи аввалиндараҷа буда дар назар аст, ки дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳалли худро хоҳад ёфт. Тибқи маълумоти мавҷуда давоми соли гузашта ба шаҳри Исфара аз минтақаҳои дигари кишвар 26 787 нафар ва аз давлатҳои хориҷ ҳудуди 665 нафар, дар маҷмӯъ 27452 нафар бо мақсади боздид аз ҷойҳои таърихӣ ва истироҳату табобат ташриф овардаанд.

Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии иншооти ниёзи аҳолӣ аз қабили беморхонаву мактаб, кӯдакистону марказҳои фарҳанг, таъмири роҳҳо ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Боиси зикр аст, ки дар шаҳр аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ низ дар корҳои ободонӣ саҳми назаррас доранд. Ба гуфти Сиҷоуддин Саломзода кам будани шумораи кӯдакистон низ, яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, то охири сол як кудакистони хусусӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар 30 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 3172 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва дар назди 51 муассисаҳои таълими шаҳр 72 гурӯҳи "Маркази инкишофи кӯдак» бо фарогирии 1535 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Рустамбек АҲМАДЗОДА

Add comment


Security code
Refresh