Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёди меҳмонхона ва дигар иншооти ёрирасони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти гуногуни иҷтимоӣ бо маром ҷараён дорад.

Дар ин раванд дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд низ сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла меҳмонхона, тарабхона ва ошхона идома дорад.

Зимни шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи нав ва дигар иншооти ёрирасон дар заминаи меҳмонхонаи қаблии фурудгоҳ ва бо назардошти талаботи рӯз сохта мешавад. Мусаллам аст, ки тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳамарӯза садҳо нафар ба пойтахти кишвар ва дигар гӯшаву канори олам сафар мекунанд ва ё баръакс вориди вилоят мегарданд. Мавҷудияти меҳмонхона ва тарабхонаву ошхонаҳои муосир барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии фурудгоҳ мусоидат менамояд.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни бунёди иншоот ҷиҳати тезонидани суръати корҳо ва бо сифати баланд ба итмом расонидани сохтмони иншоотҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Сипас, Раиси вилоят аз гармхонаҳои Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд боздид намуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд се гармхона мавҷуд буда, дар онҳо парвариши гул ва лимон ба роҳ монда шудааст. Раиси вилоят дар аснои боздид ба кори гулпарварон баҳои баланд дода, барои зудтар ба охир расонидани сохтмони боз ду гармхонаи нав, ки сохтмонашон ҷараён дорад, супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh