Истеҳсолот бо тобиши нав зуҳур мекунад

Боздиди кории Раиси вилоят аз коргоҳи ресандагии ҶДММ «Ангубин» - и ноҳияи Мастчоҳ

9 - уми феврали соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, ба фаъолияти коргоҳи ресандагии ҶДММ «Ангубин» (собиқ “Олимтекстайл”) ҳусни оғоз бахшид. Мавриди зикр аст, ки бо сабабҳои мушкилоти иқтисодӣ коргоҳи мазкур давоми беш аз 1,5 сол аз фаъолият бозмонда буд ва бо дастуру раҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилояту ноҳия ба фаъолият оғоз намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни фаъолияти коргоҳ аз наздик шинос шуда, дар бобати кори пурсамари он дар соли равон ба масъулини соҳа ва роҳбарияти коргоҳ дастуру супоришҳо дод.

Раиси вилоят дар суҳбат бо мутахассисону коргарони коргоҳ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба соҳаи саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба кор андохтани иқтидорҳои мавҷуда изҳори назар карда, гуфт, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст ва дар ин замина баъди аз фаъолият бозмондан ба кор шурӯъ намудани коргоҳи мазкур ба рушди соҳаи саноат дар ноҳия, бо кор таъмин шудани занҳои маҳаллӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.

Чуноне муовини директори корхона Шариф Неъматов иттилоъ дод, коргоҳ имкон дорад, дар як сол 6 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард намуда, 10 намуд ресмон истеҳсол намояд. Алҳол дар навбати аввал 420 нафар коргар, ки асосан сокинони ноҳияи Мастчоҳ мебошанд, бо ҷойи корӣ ва музди меҳнати арзанда таъмин гардида, дар ду баст фаъолият менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки коргоҳ бо таҷҳизоти муосири олмонӣ муҷаҳҳаз буда, яке аз беҳтарин корхонаҳои истеҳсолӣ дар самти истеҳсоли ришта дар вилоят мебошад. Барои фаъолияти якрӯзинаи коргоҳ 20 - 25 тонна нахи пахта зарур аст ва алҳол наздик 300 тонна ашёи хом барои истеҳсоли ришта захира шудааст. Ашёи хом ба коргоҳ аз хоҷагиҳои кишоварзии вилоят, ҳамзамон аз вилояти Хатлон низ ворид шуда истодааст.

Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди истеҳсолот шиносоӣ пайдо намуда, ҳини суҳбат бо коргарон таъкид дошт, ки корхона бояд бо иқтидори пуррааш фаъолият намояд, зеро дар коргоҳ ҳамаи шароиту имкониятҳо барои истеҳсоли маҳсулоти босифат муҳайёст.

Ҳамзамон, Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки дар коргоҳ истеҳсоли маҳсулоти тайёр, ҳам барои таъмини бозори дохилӣ ва ҳам барои содирот роҳандозӣ гардад.

- Алҳол ба маҳсулоти пахтагӣ дар бозори ҷаҳонӣ талабот зиёд аст. Аз тарафи дигар, бо ифтитоҳи гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон коргоҳ метавонад маҳсулоти худро ба ин кишвари дӯст ва ҳамсоя низ ба фурӯш барорад, - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Чуноне иттилоъ доданд, маҳсулоти корхона, яъне риштаро аллакай яке аз коргоҳҳои истеҳсолии вилоят – «Ноҳид» - и шаҳри Истаравшан харидорӣ намуда истодааст.

Раиси вилоят ҳини боздид ҳамзамон, ба роҳбарияти ноҳия дар бобати парвариш ва рӯёнидани бештари ҳосили пахта, таъминоти саривақтии хоҷагиҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ, эътибор ба сифати чигити тухмӣ ва дастгирии соҳибкорону кишоварзон дастуру супоришҳо дод.

Мухтори Абдулло,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 
 
 
 
 

Add comment


Security code
Refresh