Шиносоии Раиси вилоят бо лоиҳаҳои иншооти дар шаҳру ноҳияҳо бунёдшаванда

10 феврали соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар саҳни меҳмонхонаи “Ленинобод”-и маркази вилоят бо лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шинос шуд.

Дар ин рӯз масъулини Идораи сохтмони асосии вилоят ва шуъбаи меъмориву шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят лоиҳаҳои биноҳои маъмурии ташкилоту идораҳо, биноҳои истиқоматии баландошёна, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мактабу қасрҳои фарҳангӣ, майдону гулгаштҳо, беморхонаҳо ва хонаҳои саломатӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва амсоли инро муаррифӣ намуданд.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳо барои бо сифати баланд амалӣ намудани онҳо, такмили бархе аз лоиҳаҳо ва вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорӣ ба масъулини идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод.

Ҳангоми мулоқот бо масъулин Раиси вилоят иброз дошт, ки солҳои 2019-2021 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст ва моро зарур аст, ки ҷиҳати бунёди китобхона бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхона, нуқтаи хатнаи кӯдакон,  сартарошхона, ҳаммому кошонаи ҳусн ва дигар иншооти зарурӣ дар деҳот тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, ба рушди деҳот мусоидат намоем.

Ёдовар бояд шуд, ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони беш аз 6500 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар соли 2018 бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон, сармоягузорону саховатмандон, фаъолону аҳли ҷомеъаи шаҳрвандӣ 1175 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh