Маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзун мегардад

Нишасти матбуотии роҳбарони сохторҳои маҷмӯи иқтисодии вилоят - Сарраёсати молия, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдо, Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти ин мақомот дар соли 2018 бо рӯзноманигорон баргузор гардид.

Тавре сардори Сарраёсати молияи вилоят Мирзозода Анвар Сайфиддинӣ зикр дошт, чун ҳарвақта соли 2018 дар маблағгузории буҷетҳои маҳаллӣ афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ-маориф, нигаҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш нигаронида шуда, дар маҷмуъ ба ин соҳаҳо 1370,5 миллион сомонӣ равона гардид, ки баробари 81 фоизи ҷамъи хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ мебошад. Маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ дар ин давр нисбат ба соли 2017 - ум ба андозаи 8,8 фоиз ва ба маблағи 110,5 миллион сомонӣ афзун гаштааст.

Ба суоли он, ки ба таъмири асосии роҳҳои вилоят маблағҳо аз кадом ҳисоб ҷудо карда мешаванд, Анвар Мирзозода зикр намуд, ки соли 2018 - ум бо ин мақсад бештар аз 52 миллион сомонӣ равона гардида, маблағҳо аз рӯи нақшаи тасдиқшудаи соли 2018 - ум ҷудо гардидаанд.

Бояд гуфт, ки ба таъмири роҳҳо маблағгузорӣ сол аз сол зиёд гардида, нисбат ба даҳ соли охир чанд баробар афзун шудааст. Дар соли 2019 ба таъмири куллии роҳҳо (бе назардошти таъмири ҷорӣ) 57 миллион сомонӣ равона хоҳад гашт.

Ба саволи он, ки воридоти ғалладона, аз ҷумла, гандум ба вилоят дар кадом сатҳ қарор дорад, сардори Сарраёсати омори вилоят Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин зикр кард, ки дар робита бо он, ки давоми ду - се соли охир майдони кишти гандум аз ҳисоби афзун намудани заминҳои кишти пахта ва картошка дар хоҷагиҳои вилоят коҳиш дода шуд, соли 2018 - ум ба вилоят аз хориҷи кишвар 1 миллиону 11 ҳазор тонна гандум ворид карда шуда, воридоти орд бошад, кам гардидааст. Ҳамчунин ба пурсиши рӯзноманигор дар бобати он ки чаро дар баъзе деҳоти навоҳии вилоят рақамгузории кӯчаву ҳавлиҳо ба назар намерасад, сардори Сарраёсати омор посух дод, ки то ин дам дар ин самт дар деҳоти дурдасти қаламрави вилоят эътибор ба таври кофӣ набуд ва рақамгузорӣ аз 56 то 60 фисадро ташкил медод. Алҳол баҳри ба тартиб овардани рақамгузорӣ аз буҷети вилоят маблағи муайян ҷудо гардид ва то моҳи апрели соли равон ин кор ба субут расонида хоҳад шуд.

Инчунин, қайд шуд, ки соли 2020 - ум дар мамлакат Барӯйихатгирии зарурӣ гузаронида мешавад ва баҳри дар сатҳи кофӣ доир намудани ин маъракаи муҳим тибқи қарори Раиси вилоят гурӯҳи корӣ таъсис шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Вале новобаста аз он, ки дар ҳар даҳ сол барӯйихатгирии аҳолӣ доир мешавад, аз ҷониби идораи омор нуфузи аҳолии вилоят давоми ҳар моҳ ба рӯйихат гирифта мешавад ва ба санаи 1 - уми январи соли 2019 шумораи сокинони вилояти Суғд беш аз 2 миллиону 651 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Марзҳои байни ду давлати бо ҳам дӯсту ҳамсоя - Тоҷикистону Ӯзбекистон боз шуданд. Ҳамкориҳои иқтисодии байни ин ду кишвар айни ҳол дар кадом сатҳанд? Ба ин суол сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Шарифҷон Ахмедов посух дод, ки ҳамкориҳо дар бисёр соҳаҳо бо ҷумҳурии ҳамсоя ба роҳ монда шуда, давоми як сол ба бозори Тоҷикистон ба маблағи 142,8 миллион доллари амрикоӣ гардиши савдо ба амал омад.

Алҳол аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳудуди вилоят Корхонаи муштараки истеҳсоли трансформатор сохта шуда истодааст. Аз кишвари ҳамсоя ба вилоят маҳсулоти озуқа, хока ва моддаи ҷомашӯӣ, техникаи рӯзгор, нуриҳои азотӣ, мошини сабукрав ворид гашта, соли 2018 - ум ҳаҷми содирот аз вилояти Суғд ба Ӯзбекистон зиёд шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким Карим ба пурсишҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дод.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh