Мулоқоти Раиси вилоят бо раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ

16 феврали соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ мулоқот намуд.

Тавре дар аснои мулоқот иттилоъ дода шуд, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” моҳи январи соли 1992 дар заминаи Бонки амонатгузории меҳнаткашони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. 26 ноябри соли 1998 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми бонки давлатӣ дода шуда, имрӯз «Амонатбонк» дар сартосари ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он маъруф мебошад.

Раиси вилоят зимни мулоқот саҳми Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро дар рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки ҷомеаҳои меҳнатӣ ва сокинони вилоят аз хизматрасониҳои ин бонки давлатӣ васеъ истифода мебаранд.

Ҷонибҳо ҳамзамон аз саҳми бонки мазкур дар самти дастгирии соҳибкорону корхонаҳои истеҳсолӣ ёдоварӣ намуда, нақши “Амонатбонк”-ро ҷиҳати рушди соҳаи саноат назаррас арзёбӣ карданд.

Дар мулоқот қайд карда шуд, ки саҳми вилоят дар гардиши пулу моли бонки мазкур 60%-ро ташкил медиҳад ва барои беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ зиёд намудани шумораи бонкаматҳо ба манфиати кор мебошад. Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят нуқтаҳои хизматрасонии “Амонатбонк” ташкил карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh