Оғози сохтмони бинои нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд

Рӯзи шанбеи 16 феврал бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд ба бунёди бинои нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд санги асос гузошта шуд.

Тавре зимни оғози корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, лоиҳаи бинои нав аз ҷониби ҶДММ «Суғдшаҳрофар» таҳия гардида, корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ «Авитсенна» ба уҳда гирифтаанд. Бинои асосӣ аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, дар таҳхона таъсиси ҳафт утоқи корӣ барои шуъбаи таъминоти метрологӣ пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ барои 150 нафар, ҷойи нишаст ва ошхона ташкил гардида, дар ошёнаҳои 2-5 утоқҳои кори кормандон бунёд мешавад.

Раиси вилоят зимни иштирок дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ таъкид дошт, ки саҳми ҷомеаи беш аз 140 нафараи Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии маҳсулоти ғайристандартӣ бисёр назаррас аст. Бо бунёд шудани бинои нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд барои кормандони марказ шароитҳои хуби корӣ фароҳам оварда мешавад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо гузоштани нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бино санги асос гузошта шуд. Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор собиқадорони соҳа туҳфаҳои Раиси вилоят тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh