Фармоиш нисбат ба солҳои пешин кам аст!

Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Саноатикунонии кишвар ва рушду такомули он дар замони соҳибистиқлолӣ дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, инкишофи соҳаҳои коркард ҳамчун таъминкунандаи рушди иқтисод бо ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи технологияҳои муосир нақши амиқ дорад.

- Коргоҳи дӯзандагӣ соли 1929 таъсис ёфта, соли 1995 ҳамчун Ҷамъияти саҳомии «Зиннат» номгузорӣ ва хусусӣ шудааст, - гуфт дар суҳбат директори корхона Мақсуд Зиёбоев. - Корхона асосан барои дӯхтани либосҳои кӯдакона, мардона, занона, низомӣ, ҷиҳози бистар, либосҳо аз матои ҷинс машғул аст. Ҷамъият аз сехҳои дӯзандагию гилембофӣ иборат буда, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз ва маҳсулоти хушсифати ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мутобиқро пешниҳод месозад. Ба ғайр аз ин, корхона хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаро бо либосҳои мактабӣ таъмин менамояд, - иброз дошт мавсуф.

Аҳли меҳнати ҶС «Зиннат» сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, дар таъмини сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо либосҳои ҳарбии истеҳсоли ватанӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Ҷамъият зиёда аз даҳ сол бо Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дошт. Айни замон бинобар набудани фармоиш аз тарафи Агентӣ ҳаҷми истеҳсол кам шуд. Агентӣ сехи дӯзандагии хешро ба роҳ мондааст. Ҳаҷми истеҳсолот соли 2017 - ум 680 ҳазор сомонӣ, соли 2018 - ум 400 ҳазор сомониро ташкил дода, корхона уҳдадор шудааст, ки соли 2019 истеҳсоли маҳсулотро ду маротиба афзун намоянд.

Бо супориши Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода коргоҳ уҳдадор шудааст, ки дӯхтани либосҳои мактабӣ ва кориро ба роҳ монда, камбудиҳоро бартараф ва ҳаҷми корро зиёд намояд.

Имрӯз дар коргоҳ 35 нафар корманд бо кор таъмин буда, маоши миёнаи онҳо вобаста ба ҳаҷми кор аз 750 то ба 900 сомониро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки шумораи кормандон зиёд ва шароити хуби корӣ муҳайё шавад.

Солҳои пеш ашё барои коркард аз давлати хориҷа ворид мегардид, имрӯз бошад, ҳамкории “Зиннат” бо корхонаи ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» барои дӯхтани либоси мактабӣ ба роҳ монда шудааст.

Фармоиш нисбат ба солҳои пеш кам буда, роҳбари корхона тамоми саъйу кӯшиши хешро барои таъмини раванди истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ равона карда, ният дорад, ки соли равон дар коргоҳ дӯхтани куртаи мардона ба роҳ монда шавад.

Иқдомоти зикршуда бевосита ба болоравии иқтидори истеҳсолии мамлакат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии он, махсусан зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар асоси коркарди ашёи хоми ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади буҷети давлатӣ мусоидат мекунад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh