МУАРРИФИИ ШОИСТАИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ мақом ва нақши васоити ахбори омма дар таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Пешбурди чунин кори пурмасъулият маҳз аз сатҳу сифати маводҳои иттилоотӣ ва дараҷаи касбияти рӯзноманигорон вобастагии калон дорад. Дар низоми давлатҳои мақоми демократӣ васоити ахбори оммаро баъди шохаҳои ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ дар ҷои чорум гузоштаанд.

Таҷриба собит намуд, ки рӯзноманигорони тоҷик натанҳо дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳамчунин дар баррасии масъалаҳои муҳими умумибашарӣ тавоноии кофӣ доранд. Далели ин гуфтаро фаъолияти барномаи телевизионии шабакаи якум «Тоҷикистон ва ҷаҳон» собит менамояд.

Ин барнома воқеияти Тоҷикистонро бо ҷаҳони пуртаззод муқоиса намуда, бинандагони худро ба тафаккури созандаи ватандорӣ, хизмат ба инсоният, боло бурдани ҳисси баланди башардӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, шинохти фалсафӣ ва сиёсиву амниятии ҷаҳон, забономӯзиву забондонӣ, таҳаввулоти илму технология, ҷаҳиш дар улуми кайҳоншиносӣ, дарки дурусти қазияҳои сиёсиву иҷтимоиро ташвиқ менамояд.

Қобили зикр аст, ки бо гузашти 7 сол аз таърихи таъсиси барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» дар Телевизиони Тоҷикистон масъалаҳои зиёде дар меҳвари ин барнома баррасӣ гардида, манзури тамошобинон ва ҳаводорон гардидаанд. Васоити ахбори омма дар сарнавишти халқҳо ва миллатҳо муассиртар аз солҳои қабл аст. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди асосӣ ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими сиёсати иттилоотӣ ва фароҳаморандаи имкониятҳои васеъ баҳри тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ҷиҳати иттилоърасонӣ ва огоҳии аҳолии кишвар мебошад.   

Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҳалли масоили экологӣ, тағйирёбии иқлим ва таъмини оби нӯшокӣ барои сокинони ташналаби ҷаҳон, баргузор намудани бузургтарин конфронсҳо ва ҳамойишҳои дохиливу байналмилалӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дифоъ барои Ватан ва тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон, тарғиби ҳувият ва хештаншиносӣ, баррасии соҳаи туризм ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, шинохти фарҳанг ва тамаддуни ҳазорсолагони миллати куҳантамаддуни тоҷик низ аз масъалаҳои меҳварии барномаи Тоҷикистон ва ҷаҳон дар соли 2019 ба шумор меравад.

Муаллифи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” Фатҳиддини Замон ҳамзамон дар кишварҳои мухталифи сайёра барномаро дар мавзӯъҳои гуногун сабт ва таҳия намуда, манзури тамошобинон ва ҳаводорони «Телевизиони Тоҷикистон» намудааст. Дар сафари илмӣ ва омӯзишии худ ҳайъати эҷодии барнома дар шаҳри Сеули Куриёи Ҷанубӣ, шаҳрҳои Ҷопон аз ҷумла Токио, Хиросима, Киёто, Нагасаки, Москваи Федератсияи Россия, Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия, шаҳрҳои Дубай ва Абудабии Аморати Муттаҳидаи Араб, Масқати Салтанати Уммон, Давҳаи Давлати Қатар ва ғайра масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон, истифодаи таҷрибаҳои пешрафтаи ин давлатҳоро таҳлил ва баррасӣ карда, манзури сокинони кишвар намуданд.

Аз ҳар нигоҳ вуҷуди чунин як барномаи сиёсиву таҳлилии муваффақ дар муҳити расонаии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ барои дифоъ аз сиёсати иттилоотӣ ва даъвати ҷомеа ба шинохти набзи пурҷараёни сайёраи ошӯбзадаву сиёсатзадаи Замин муҳимтар аз ҳар вақти дигар аст. Бахусус, зери шиори «Иттиҳоди мо ин қудрати мост!» барномаи мазкур аз ҷониби мутахассисони донишманди кишвар баҳои баланд гирифтааст. Чуноне ки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ қайд менамояд: «Мо дар барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» - и Телевизиони Тоҷикистон таҳлил ва баррасии муҳимтарин масоили рӯзи ҷаҳон, вазъияти кишварҳои зери сояи ҷанг, муҳоҷирату паноҳҷӯии сокинони кишварҳои ҷангзада ва поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои паноҳҷӯёни бесарпаноҳро ба осонӣ мушоҳида менамоем. Воқеан, ин барнома дар фазои расонаҳои Тоҷикистон як таҳаввулотеро ба вуҷуд овардааст.

Дар шароити таҳоҷуми фарҳангӣ ва рақобати иттилоотии кишварҳо мо боз ҳам ба чунин барномаҳои дорои сифату маънои баланд ва аҳамияти сиёсиву давлатидошта ниёз дорем. Умедворем, ки рӯзноманигори ҷавон Фатҳиддини Замон барои баланд бардоштани сатҳу сифати барнома кӯшиш намуда, дар тарғиби дастоварду арзишҳои милливу фарҳангии миллату давлати Тоҷикисон саҳмгузор хоҳад шуд.

Шӯҳрат Саидзода,
номзади илмҳои сиёсатшиносӣ,
дотсент, раиси шӯрои олимони
ҷавони вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh