Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи зиёиёни эҷодкор

Муҳтарам аҳли зиё!

Шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи зиёиёни эҷодкор самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, осмони софу беғубор, сулҳу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва дар роҳи омӯзишу таҳқиқ дастовардҳои тозаи эҷодӣ таманно менамоям.

Дар ҳама давру замон зиёиён ҳамчун аҳли илму маърифат ва нерӯи тавоно дар таҳкими маънавиёти ҷомеа, эҳтироми арзишҳои фарҳанги миллӣ ва густариши худшиносию худогоҳӣ нақши муассир гузоштаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақоми аҳли зиё дар мустаҳкам намудани суботи ҷомеа ва тарбияи насли созанда таъкид намудаанд: “Зиёиёни асили мо равшангарони воқеии ҳаётанд, ки дар пешрафти рӯзгори иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерӯи инсонӣ нақши арзанда мебозанд”.

Воқеан ҳам, дар шароити ҷаҳони пуртазоди имрӯз рисолати олимону донишмандон ва шоирону адибон ба унвони захираҳои тиллоии кишвар барои ташаккули тафаккури солим ва пешрафта, ҳифз, тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, ғояҳои давлатдорӣ ва манфиатҳои миллӣ беш аз пеш меафзояд. Зеро агар онҳо аз як тараф ба эҷоди асарҳои замонавӣ ба рушди тафаккури аҳли ҷомеа таъсиргузор бошанд, аз тарафи дигар дар таҳкими дӯстию бародарии байни халқҳо, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити судманди тамаддунҳо, ки дар маҷмӯъ метавонанд манфиатҳои халқу миллатро густариш бахшанд, саҳми муносиб гузоранд.

Хеле рамзист, ки ин сана ҳамасола дар арафаи яке аз ҷашнҳои куҳанбунёд, Соли  нави миллии мо – Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад.

Итминони комил дорам, ки аҳли зиёи вилоят бо такя ба донишу хирад, анъанаҳои қадимаи халқи тоҷик ва дар партави эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ, ва ҳунарҳои мардумӣ” дар муаррифии маконҳои таърихӣ, тарғиби фарҳангу маънавиёт, расму ойин ва забони давлатӣ саъю талош карда, барои ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим мегузоранд.

Бо чунин таманниёт, бори дигар Рӯзи зиёиёни эҷодкор ва Соли нави миллӣ – Наврӯзи оламафрӯзро ба ҳамаи сокинони шарафманди вилоят аз самими қалб таҳният гуфта, саломатию сарбаландӣ ва дар амалӣ гардидани ниятҳои нек муваффақиятҳо орзу менамоям.

Add comment


Security code
Refresh