Иштироки Раиси вилоят дар маҷлиси фаъолони шаҳри Панҷакент

Рӯзи 6 апрел дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент маҷлиси фаъолони шаҳр баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд.

Дар маҷлиси фаъолон дар баробари баррасии омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ низ натиҷагирӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатии шаҳр мувофиқи маълумоти пешакӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) дар семоҳаи якуми соли равон 116,7 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 85 миллиону 248,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз нақша бештар аз 12 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Давоми семоҳаи якуми соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Панҷакент ба 622,4 миллион сомонӣ расонида шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бошад ба 32,3 миллион сомонӣ баробар шуда, дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2018-ум 103,1 фоиз мебошад.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноати шаҳр қайд карда шуд, ки роҳбарияти шаҳри Панҷакент ва масъулини соҳа вазифадор ҳастанд, ки дар таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонӣ саҳми муносиб гузоранд. Дар робита бо ин масъулинро зарур аст, ки барои фаъол намудани корхонаҳои солҳои қаблӣ хусусишуда ва ташкили корхонаҳои нав, дастгирии соҳибкорон, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиёт, тақвияти раванди саноатикунонии истеҳсолоти шаҳр тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар рафти маҷлис ҳамзамон ҷараёни омодагиҳо ба таҷлили шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва 5500-солагии Саразми бостонӣ баррасӣ гардида, ҷиҳати тақвияти корҳои ободониву созандагӣ супоришҳо дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият сохтмони 405 адад иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ гардида, давоми соли 2018 ва семоҳаи якуми соли равон 150 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.

Раиси вилоят ҳамзамон дар назди роҳбарияти шаҳр ҷиҳатигустариши корҳои ободонӣ дар иншооти мамнўъгоҳи “Саразм”, таъмири роҳҳои асосӣ ва дохилии ҳудуди мамнўъгоҳ, азнавсозии кўчаву хиёбонҳои шаҳр, сохтмони маҷмааи фаввораҳо дар ҷойҳои истироҳати мардум, таъмиру тармими роҳравҳо, таъсис додани курсҳои ҳунаромўзӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, омода сохтани мавзеъҳои саёҳатбоб ва инфрасохтори саёҳат дар маҳалҳо, омода сохтани иншоотҳои обрасон, техникаи ёрирасон, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва дигар масъалаҳои муҳим вазифагузорӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh