Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон!

Файзу шукӯҳи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро пешравии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бунёди корхонаву муассисаҳо ва ободу зебо намудани диёр дар худ таҷассум менамоянд. Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бо ифтитоҳи иншооти таъиноташон гуногун ба вуқӯъ пайваст. Дар шаҳри Гулистон низ якчанд иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Сокинони шаҳр аз сафари Сарвари давлат бо болидарӯҳӣ назари худро чунин баён намуданд:

Умеда Комилова - сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон:

- Тамоми корҳои созандаву бунёдкорона аз ғайрату заковат ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ифтитоҳи Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулистонро ба боғшаҳри ҳақиқӣ табдил дода, ба ҳусни шаҳри сайёҳии мо таровати тозае ато намуд. Майдони мазкур барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ мусоидат намуда, шукӯҳу шаҳомати Истиқлолият ва дастовардҳои беназири онро муаррифӣ менамояд. Мо аз ин туҳфаи наҷиб миннатдор буда, саъйу кӯшиш менамоем, ки барои ободии Тоҷикистони азизамон саҳм гузорем.

Мафтуна Ҷӯраева - мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа:

- Шодиву нишот ва хурсандии мо, ҷавонони гулистониро ҳадду канор нест, чунки парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар майдони сабзу хуррам аз сулҳу ободӣ, осудаҳоливу сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҳамеша дастурамали фаъолияти мо хоҳад буд. Мо, ҷавонон бо садоқат ва меҳнати софдилона ба Ватану миллати худ, ободиву пешравии давлатамон аз таҳти дил хизмат мекунем.

Маҳбуба Шодизода - мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:

- Пешравии соҳаи саноат дар ифтитоҳи боз як корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри саноатии Гулистон инъикос гардида, он туҳфаи беназир барои ҳамагон аст. Мо бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва сиёсати раиятпарваронаи Пешвои миллат ифтихор намуда, аз кору фаъолият дар партави сиёсати ояндасози Пешвои миллат сарфарозем. Ҳамзамон, файзи пурсамари Истиқлолият ва зиндагии осудаву рушди босуботро шукрона менамоем.

Сайҳуна Шарифзода - хизматчии давлатӣ, сокини шаҳр:

- Мавриди истифода қарор гирифтани Майдони Парчами давлатӣ боиси ифтихори ҳар як сокини шаҳри Гулистон мебошад. Истиқлолияти давлатӣ боис гардид, ки таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат, аз ҷумла дар ин шаҳри саноативу сайёҳӣ дигаргуниҳои бузург, вусъат ва густариши тоза пайдо кардани соҳаи саноат, туризм ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба вуқӯъ пайваст.

Таҳмина Ашӯрқулова - мудири МДТТ № 1 «Офтобак» - и шаҳри Гулистон:

- Аз ҷониби Пешвои миллат, ба истифода дода шудани кӯдакистони «Парасту» ба сокинон ва аҳли маорифи шаҳри соҳили Баҳри Тоҷик туҳфаи арзишманд аст. Таҳсилу тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ барои рушди зеҳнӣ ва донишомӯзии кӯдакон заминаи асосӣ мегузорад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маорифро яке аз соҳаи афзалиятнок ва калидӣ арзёбӣ карда, ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар кӯдакистони «Парасту» 360 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, то 40 нафар сокини шаҳр бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Аз ин дастгирӣ ва ғамхории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинон ва аҳли маорифи шаҳр шоду хурсанд буда, миннатдорӣ ва арзи сипоси худро баён медоранд. Шод аз он ҳастем, ки кӯдакони хуштолеи мо дар чунин кишвари ҳамешабаҳор ва муҳити ободу озод ба воя мерасанд.

Бо ин ҳама назарҳо моро бори дигар ифтихор намудан аз давлату миллати хеш зарур меояд. Чунки ҳар як фарди соҳибхираду хештаншинос ва садоқатманд ба Ватан аз файзи Истиқлол ифтихор мекунад. Месазад мисраҳои Суруди миллиро бовиқор ва сари баланд такрор ба такрор замзама намоем:

Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh