Раиси вилоят роҳбарияти корхонаи мошинбарории “Белл”-ро ба ҳузур пазируфт

22 апрели соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти корхонаи мошинбарории “Белл”-ро ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят зимни суҳбат иброз дошт, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноату куҳкорӣ дар мамлакат рушд ёфта, дар ин замина як қатор корхонаҳои муштарак низ фаъолияти пурсамар доранд.

Қайд карда шуд, ки ҳангоми иҷрои корҳои гуногун, махсусан истихроҷу интиқоли маъдан дар корхонаҳо, аз ҷумла дар корхонаи муштараки “Апрелевка” мошинҳои боркаши корхонаи “Белл” истифода мешавад.

Герри Белл бо изҳори қаноатмандӣ аз истиқболи самимӣ омодагии хешро барои густариши ҳамкориҳо баён дошта, аз табиати нотакрори Тоҷикистон ситоиш кард. Мавсуф таъкид кард, ки мошинҳои истеҳсоли “Белл”-ро дар аксари кишварҳои ҷаҳон истифода мебаранд ва роҳбарияти корхона ҳангоми истеҳсоли мошинҳои боркаш пешниҳоду тавсияҳои мизоҷони худро ба назар мегирад.

Зимни суҳбат ҳамчунин тарафҳо роҳҳои тақвияти ҳамкориҳо, пешниҳоди техникаи пуриқтидор ба шарикон ва дарёфти имкониятҳои бештар ҷиҳати мустаҳам намудани муносиботро баррасӣ карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh